Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, гуфт, ҳеҷ гоҳ бо русҳо тавофуқ накардааст ва бо онҳо ягон “иртиботи номуносиб” надошт.
Кушнер, ки мушовири аршади Кохи Сафед аст, тавзеҳи худро дар ин робита рӯзи 24-уми июл дар шакли хаттӣ ба кумитаҳои Конгресси Амрико фиристод.
Таҳқиқи эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ва тавофуқ дар байни русҳо ва аъзои тими Трамп ҳоло дар кумитаҳои Конгресс ҷараён дорад.
Ҷаред Кушнер гуфтааст, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ва марҳилаи гузариши баъди пирӯзии Трамп дар таърихи 8-уми ноябр, ӯ эҳтимол чаҳор дафъа бо намояндагони Русия дар тамос буд. Домоди президент доштани ягон иртиботи номуносиб бо намояндагони Русияро рад кард ва гуфт, дар фаъолиятҳои тиҷоратиаш ба Русия такя накардааст.