Ҳабдаҳ корманди рӯзномаи мухолифини Туркия -"Ҷумҳурият", баъди чандин моҳи боздошт, рӯзи 24 июл дар додгоҳ мурофиа мешаванд.
Бисёр гумонбарҳоро моҳи октябри соли 2016, дар ҷараёни вазъи фавқулоддаи кишвар боздошт карданд, ки баъди табаддулоти нокоми моҳи июл ҷорӣ шуд. Мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии шинохтаи туркро, ки дар Амрико а сар мебарад, аз таҳиягарони табаддулот номбар карданд.
Мурофиаи рӯзноманигорон ва раҳбарони нашрияи дунявии "Ҷумҳурият", нигарониҳоро аз озодии баён, дар ҳукумати таҳти назари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, афзоиш додааст.
Кормандони "Ҷумҳурият" дар ростои як идда иттиҳом - фош кардани асрори давлатӣ, робита бо Гулен, кумак ба созмонҳои террористӣ, аз ҷумла Ҳизби Коргарии Курд қарор доранд.
Изороти муштараки гурӯҳҳои озодии баён мегӯяд, ки "ҳадафи ин қазия хомӯш кардани камтарин садоҳои мухолифин аст, ки дар кишвар боқӣ мондаанд."
Ба маълумоти гурӯҳи озодии матбуот 166 рӯзноманигор дар зиндонҳои Туркия нигаҳдорӣ мешаванд, ки бахши умдаи онҳо дар вақти татбиқи вазъи фавқулодда боздошт шуданд.