Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари дуздӣ аввал ба додситон ҳамла кард ва баъд худашро кушт


Мошини пулис дар назди додгоҳ
Мошини пулис дар назди додгоҳ

Дар вилояти Акмолини Қазоқистон як мард додситон ва пулисро маҷруҳ кард ва сипас худро кушт. Пулиси вилоятӣ мегӯяд, ки рӯзи 20 июл марди ношиносе дар бинои додситонии ноҳияи Селиноград корманди додситонӣ ва пулиси маҳаллиро маҷруҳ кард аз саҳнаи ҳодиса бо мошин ғайб зад.

Ҷасади ин мард баъди 10 дақиқаи ҳамлаи ӯ ба ходимони ҳифзи ҳуқуқ дар назди мошин пайдо шудааст. Дар иттилоияи пулис гуфта шуд, ки ин мард "худро паррондааст".

Пулис бе онки номи ин шахсро ошкор кунад, мегӯяд, гумонбар марди 61-сола аст, ки парвандаи дуздиашро хадамоти зиддифасод таҳқиқ мекард.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG