Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат: "Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон 21% коҳиш ёфтааст"


Сумангул Тағойзода.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа 21 дарсад коҳиш ёфтааст.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ним соли аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷ 242 ҳазору 792 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 21 дарсад камтар аст. Хонум Тағойзода гуфт, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик асосан ба Русия ва Қазоқистон сафар кардаанд, вале мақомот талош доранд муҳоҷиронро барои кор ба дигар кишварҳо низ фиристанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, бозорҳои меҳнатии давлатҳои Қувайт, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишварҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, лоиҳаҳои созишномаҳои дахлдор дар ин самт бо давлатҳои зикршуда, омода гардиданд. Ҳамасола садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Дар ҳоли ҳозир Русия мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG