Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати иваз кардани "РТ" ба "TJ" то моҳи декабр тамдид шуд


Намунаи рақами қайди давлатӣ
Намунаи рақами қайди давлатӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мӯҳлати иваз кардани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро то 1-уми декабри соли 2017 дароз кард.

То ҳол дар Тоҷикистон аксари рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт бо “РТ” (Республика Таджикистан) сабт шудаанд, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Соли 2014 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қарор баровард, ки ба ҷои “РТ” бояд “TJ” навишта шавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки “рақамҳои қайди давлатӣ бояд ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат кунанд”.

Ҳафтаи гузашта ронандагон гуфтанд, ки аз онҳо фавран иваз кардани рақами қайди давлатӣ хоста мешавад, ки фурсат надоранд. Ҳоло Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, панҷ моҳи дигар ба ронандагон мӯҳлат дода шуд, ки дар Шӯъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ рақамҳои қайди давлатиашонро иваз кунанд.

XS
SM
MD
LG