Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтанд, ки дар ним соли ахир алайҳи 12 корманди бонку созмонҳои қарздиҳии минтақа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Наврӯз Валиев, раиси намояндагии Бонки миллӣ дар Суғд, охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ин афрод барои таҳияи асноди қалбакӣ муттаҳаманд”.

Дар Тоҷикистон то 31-уми декабри соли 2016 дар маҷмӯъ 104 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 14 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд, ки дутои он дар аввали сол ба қавле аз байн рафтанд.

Раиси намояндагии Бонки миллӣ дар Суғд аз қазияи мудири созмони “Ҳамдастӣ” Сурайё Почоҷонова низ ёдоварӣ кард, ки моҳи феврали имсол бо ҳукми додгоҳ ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ Почоҷоноваро барои содир кардани чандин ҷиноят, аз ҷумла аз худ намудани пули мизоҷони бонк, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сӯистифода аз ваколат муҷрим шинохт.

"Дар ним соли гузашта аз ҷумла нисбат ба нозир – хазинадори бахши “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт барои тасарруфи пул, панҷ корманди маркази хидматрасонии “Имон Интернешнл” дар ноҳияи Деваштич ва корманди қарздиҳии ин созмон дар ноҳияи Спитамен барои сохтакории ҳуҷҷатҳо, ду корманди маркази хидматрасонии ташкилоти “Оксус” дар шаҳри Хуҷанд ва як корманди бахши ин ташкилот дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайриқонунӣ додани қарзҳо парванда боз шудааст", - шарҳ дод Наврӯз Валиев.

Наврӯз Валиев
Наврӯз Валиев

Вай афзуд, инчунин, камбудҳои ҷиддии даҳҳо корманди созмонҳои қарздиҳӣ ҳангоми аудити дохилии худи ин ниҳодҳои молӣ ошкор ва кормандон аз вазифаҳои худ сабукдӯш шудаанд. Масъулони намояндагии Бонки миллӣ дар Суғд “сатҳи пасти аудити дохилӣ, солҳои тӯлонӣ дар як вазифа кор кардани мутахассисон ва сӯистифода аз бовари созмони қарздиҳӣ”-ро сабабҳои умдаи даст ба муомилоти ғайриқонунӣ задани баъзе кормандони ин ниҳодҳои молӣ номиданд.

Вале Гулбаҳор Маҳкамова, мудири кулли созмони қарздиҳии “Имон Интернешнл”, аз таваҷҷуҳи беш аз ҳад ба масъалаи дастгир шудани кормандони бонкҳо дар пайи бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ кардани пули сокинон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи чанд ходими як бонк нишонаи бад кор кардан нест. “Ин метавонад бозгӯи он бошад, ки ташкилот дорои мавқеи принсипиалӣ аст ва ҳар мавриди ошкор намудани камбуди молӣ аз ҷониби ходими худро дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор медиҳад”, - афзуд Маҳкамова.

Гулбаҳор Маҳкамова
Гулбаҳор Маҳкамова

Ба қавли ӯ, ходимони собиқадори ташкилоти “Имон Интернешнл”, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, замони содири ҷиноят дар ин созмон кор намекарданд. Муштариёни ин ташкилот аз хушгумонӣ ба онҳо бовар карда, пулҳои худро ба хотири гардиш ва бардоштани суд ба дасти онҳо додаанд. Аз нигоҳи ӯ, сатҳи маърифатнокии иқтисодии сокинон боло бурда шавад, онҳо аз чунин хатоиҳо барканор ва пулҳояшон эмин мемонад.

Солҳои ахир натанҳо дар ҳудуди вилояти Суғд, балки дар минтақаҳои дигари кишвар бархе аз кормандони бонкҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Иттиҳоми ҳамаи онҳо ба якдигар монанд буда, аз таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, гирифтани пули муштариён ва ё пешниҳоди “пора” иборат аст. То кунун чанд нафари онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд.

Вале муштариён мегӯянд, нигаронии онҳо аз ин аст, ки қазия танҳо бо боздошту муҳокимаи муттаҳамон хотима меёбад. “Мо мехоҳем, ки ҳам онҳо ҷазо гиранд ва ҳам пули моро баргардонанд. Инки онҳо муҳокима шаванду пули моро касе надиҳад, аз он чӣ фоида?” - суол гузошт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Дар Тоҷикистон то 31-уми декабри соли 2016 дар маҷмӯъ 104 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 14 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд, ки дутои он дар аввали сол ба қавле аз байн рафтанд. Ба эътирофи худи мақомот, фаъолияти номуносиби бонкҳо дар ду-се соли гузашта дигарбора сабаби кам шудани эътимоди мардум ба бонкҳо шуд ва зоҳиран барои ҳамин ҳанӯз ҳам бисёриҳо “зери болиштро”, ки занҷиру қуфл надорад, беҳтар аз бонк медонанд, ки вазифааш посбонии амонату пасандози муштарӣ ва зиёдтар кардани он аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG