Пайвандҳои дастрасӣ

"Кор дар Аврупо". Доме, ки тоҷикон осон ба он меафтанд


Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе

Як сокини шаҳри Душанбе ба ҷурми фиреби даҳ ҷавон барои таҳияи визаи Шенген ва, ҳамин тавр, кору зиндагии хуб дар Аврупо ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба пардохти 73 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 9 ҳазор доллар ба фоидаи давлат низ муввазаф кардааст. Ҳукмро додгоҳи пойтахт содир карда, нусхаи он рӯзи 27-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Коршиносон мегӯянд, зиндагии беҳтар ва кори пурдаромад ҷавонони тоҷикро зуд ба доми афроде меафтонад, ки барояшон ваъдаи кумак дар гирифтани раводиди кишварҳои хориҷиро медиҳанд.

"Даҳ ҷавонро фиреб кардааст"

Бино ба ин ҳукм, Беҳзод Маннонови 35-сола соли гузашта бо насби эълоне дар хиёбонҳои шаҳри Ваҳдат ва Душанбе гирифта додани визаи Шенген ва Куриёи Ҷанубиро ваъда кардааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки Маннонов барои таҳияи аснод аз ҳар кадом довталаб 1,5 ҳазор сомонӣ гирифта, аммо натанҳо корашонро буд накардааст, балки «ғайб задааст». Ӯ дар маҷмуъ даҳ ҷавонро фиреб кардааст.

Пас аз боздошт, мақомоти тафтишотӣ маълум кардаанд, ки Беҳзод Маннонов бархе аз сокинони дигарро низ бо баҳонаи харидани мошин фиреб дода ва ҳатто ба як нафар бар ивази қарз ҳабҳои мадҳушкунанда додааст.

Марзи Лаҳистон (Полша)
Марзи Лаҳистон (Полша)

Ҷавононе, ки ба гуфтаи додгоҳ, фиреби Беҳзодро хӯрдаанд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, наздикони ин ҷавон ваъдаи баргардондани маблағҳоро кардааст, аз ин рӯ, ҳоло ҳеҷ даъвое надоранд.

Наздикони Беҳзод аз сӯҳбат дар ин маврид худдорӣ карданд. Коршиносон мегӯянд, зиндагии беҳтар ва кори пурдаромад ҷавонони тоҷикро зуд ба доми афроде меафтонад, ки барояшон ваъдаи кумак дар гирифтани раводиди кишварҳои хориҷиро медиҳанд.

Бекории шадид дар Тоҷикистон солона беш аз 1 миллион сокини ин кишварро ба Русия дунболи кору рӯзӣ мебарад. Баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои иқтисодии Ғарбу Аврупо болои Русия иқтисоди ин кишвар заъиф шуд ва бозори кор дар ин қаламрав барои муҳоҷирони хориҷӣ ҳам коҳиш ёфт. Бархе ҷавонон, ки дунболи зиндагии беҳтару шоиста мегарданд, гоҳо дар фикри хориҷаи дур мешаванд, ки шояд тавонанд бахту моли бештар ва кору даромади хубро дар Аврупо пайдо кунанд. Вале ба фарқ аз Русия, Тоҷикистон бо ҳеҷ як кишвари аврупоӣ дар заминаи кори шаҳрвандонаш созишнома надорад, аз ин рӯ, ҳар пешниҳоде, ки мешавад, инфиродии ширкату корхонаҳои ҷудогона аст ваё марбут гурӯҳҳои машкук, ки мехоҳанд аз эҳтиёҷи сокинон сӯиистифода кунанд.

Талоши Дарвеш барои расидан то Олмон

Дарвеш Олимов, ҷавони 28-солаи тоҷик панҷ сол боз дар Русия муҳоҷири корист. Ӯро мушкили кор дар Русия, аз ҷумла фишори афзоянда болои муҳоҷирон, гаронии нархи патент ва поин рафтани қурби рубл ба фикри пайдо кардани кор дар кишвари дигар водор намудааст. Як соли пеш ба ӯ шумораи ҷавонеро доданд, ки гӯё барои кор дар Олмон кумак мекунад. Дарвеш мегӯяд, ин ҷавон барои дарёфти раводиди Олмон ва пайдо кардани кор аз ӯ ду ҳазор доллар талаб кард, вале бо гузашти беш аз ҳафт моҳ ваъдаашро иҷро накардааст.

Аз ӯ дар ҳақиқат 90 ҳазор рубли русӣ гирифтаам. Мо пештар даҳ ҷавони тоҷикро барои кор дар сохтмон ва меҳмонхонаҳо ба Олмон оварда будем, лекин баъд аз мушкили паноҳҷӯён гирифтани виза мушкил шуд.

«Кори мушкил дар Русия ба ҷонамон задааст. Инҷо агар аз 80 ҳазор рубл болотар маош гирӣ, кор кардан мумкин аст, вагарна дигар ҳеҷ фоида нест. Ин бача ҳар рӯз фиреб мекард, ки фардо корро буд мекунам, рӯзи дигар мекунам. Ҳозир дигар ба зангҳоям ҷавоб намедиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам посух намедиҳад», - гуфт ӯ.

Дарвеш мегӯяд, ин ҷавон бар ивази ду ҳазор доллар гирифтани визаи Олмон ва кори хуб дар ин кишварро ваъда карда буд. Ҳоло дигар на маблағашро бармегардонад, на барояш раводид дуруст мекунад.

«Имкони кор дар Олмон буд, вале...»

Ҳабибулло, ҷавоне, ки ба иддаои Дарвеш ӯро ваъдаи раводид додааст, ба занги телефонии мо посух дод. Ӯ худро корманди як ширкати туркие муаррифӣ кард, ки дар Олмон намояндагӣ дорад. Ҳабибулло рӯзи 27-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Дарвешро фиреб надодааст, балки воқеан мехост ӯро барои кор ба Олмон даъват кунад.

«Аз ӯ дар ҳақиқат 90 ҳазор рубли русӣ гирифтаам. Мо пештар даҳ ҷавони тоҷикро барои кор дар сохтмон ва меҳмонхонаҳо ба Олмон оварда будем, лекин баъд аз мушкили паноҳҷӯён гирифтани виза мушкил шуд. Дигар касеро оварда намешавад ва ман маблағи Дарвешро бармегардонам. Фақат ба ӯ гуфтам, ки каме сабр кунад», - гуфт ӯ.

Эълон дар «Майл.ру»: Гуфтем, яке рост набошад

Шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, зуд-зуд ба почтаи электрониашон эълони кор дар кишварҳои хориҷӣ ва ё дарёфти шаҳрвандии кишвари дигареро дарёфт мекунанд. Рухсора Муродова, корманди яке аз Бонкҳои Тоҷикистон мегӯяд, чаҳор моҳи пеш ба почтаи «Майл.ру»-и як ҳамкораш эълони кор дар Ҷумҳурии Чех расид.

Ӯ гуфт, “бо ҳамкорон машварат кардем, ки шавҳаронамонро мефиристем. Чун маоши хеле хуб дар сохтмон ваъда мекард. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ, маълумотнома дар бораи ҷойи зист, маълумотномаи саломатӣ пурсид равон кардем ва гуфт, ки 150 доллар барои тарҷума лозим аст. Фикр кардем, ки шояд фиреб аст, лекин гуфтем, яке рост набошад. Ба мактубҳои мо ҷавоб медод, лекин телефонашро намебардошт. Барои санҷиш як нафарамон пулро супурд, ба ҳамин барои ӯ гум шуд, вале ба мо менавишт. Баъди ҳамин фаҳмидем, ки дурӯғ будааст.”

Аксари тоҷиконе, ки хоҳиши кору зиндагӣ дар хориҷаро доранд, ҷавонони аз 18 то 24-сола будаанд.

“Биҳишт”-е, ки тоҷикон ҷустуҷӯ доранд

Саъдӣ Намозов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, дар пайи бӯҳрони иқтисодии чанд соли ахир ва бекорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон роҳи наҷотро дар муҳоҷират мебинанд. Ӯ гуфт, «муҳоҷират дар Русия ҳам ҳоло ба мушкил печидааст ва тоҷикон дар ҷустуҷӯи “биҳишт”-и дигар ҳастанд. Барои ҳамин зуд фиреби ваъдаи кор ё раводид дар кишвари дигарро мехӯранд.»

Таҳқиқи тозаи созмони назарсанҷии «М-Вектор», ки дар ҳамкорӣ бо созмони «Барометром» анҷом додааст, ба ин натиҷа расидааст, ки тақрибан 14 дар сади сокинони Тоҷикистон хостори кӯч бастан аз кишвар ҳастанд. Аксари тоҷиконе, ки хоҳиши кору зиндагӣ дар хориҷаро доранд, ҷавонони аз 18 то 24-сола будаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG