Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти мошин аз Тоҷикистон ба хориҷа афзудааст. ВИДЕО


Тоҷикистон, кишваре, ки хурдтарин оҳанпораи мошин истеҳсол намекунад, ҳоло ба содиркунандаи мошин дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Буҳрони молӣ, набудани харидор ва коҳиш ёфтани воридоти мошин ба Тоҷикистон сабаб шудааст, ки содироти мошин аз кишвар ба хориҷ беш аз 8 баробар афзоиш ёбад. Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи охир аз Тоҷикистон ба маблағи 28 миллион доллар мошин содирот шудааст. Як сол пеш ин маблағ ҳамагӣ ба бештар аз 3 миллион доллар баробар буд. Бино ба иттилои Оҷонсии омор, дар баробари ин воридоти мошин аз хориҷ ба Тоҷикистон 5 дарсад коҳиш ёфтаааст.

Тоҷирони тоҷик мегӯянд, мошинҳо аз Тоҷикистон асосан ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Афғонистон ва баъзан Дубай бо нархи арзонтар содир мешаванд. Акмал Иброҳимов, як тоҷири мошин аз Турсунзода, гуфт, буҳрони молӣ ва кам шудани харидор дар бозори дохилӣ тоҷирони мошин аз Тоҷикистонро ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя бурдааст.

Ӯ мегӯяд, "агар як соли пеш дар бозорҳои кишвар дар як ҳафта то се мошин фурӯхта метавонистем, ҳоло ҳатто як мошин ҳам ба фурӯш намеравад. Аввал мошинҳоро аз кишварҳои соҳили Балтика, Куриёи Ҷанубӣ ба бозори Тоҷикистон ворид мекарданд, ҳоло қариб мошин ворид намешавад."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Тоҷикистон фурӯши мошинро зиёд кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, натанҳо бӯҳрон, балки болоравии қимати боҷи гумрукӣ, андоз ва умуман мушкилу гарон шудани воридоту фурӯши мошин дар Тоҷикистон низ тиҷорати онҳоро сарду сахт кардааст. Ӯ гуфт, ҳоло мошинҳои тамғаи “Ҷип” аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда мешаванд.

Аммо аксар аз мошинҳои фурӯшӣ дар бузургтарин бозори мошинҳои шаҳри Душанбе моҳҳо боз интизори харидор истодаанд. Соҳибкорони ин бозор ҳам мегӯянд, дар бозори мошин савдои нақдӣ тақрибан вуҷуд надорад. Бобоҷон Чӯпонов, муовини раҳбари бозори мошинҳои пойтахт, 6 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тиҷорати мошин нисбат ба як соли пеш ҳудуди 30 дарсад коҳиш ёфтааст. “Агар соле қабл дар як ҳафта ба бозор то 3000 мошини фурӯшӣ ворид мешуд, ҳоло ин теъдод ба 1500 баробар аст,” – афзуд вай.

Ба гуфтаи Бобоҷон Чӯпонов, ки тиҷорат дар бозорро мушоҳида мекунад, дар як соли охир содироти мошинҳои навъи “Мерседес Гелендваген” ба кишвари Дубай бештар шудааст: “Ин навъи мошинҳо аз Олмон ба Тоҷикистон арзонтар меоянд ва аммо дар инҷо нархи гарон доранду харидор надоранд. Аз ин хотир ин навъи мошинҳоро бештар ба Дубай мебаранд.”

Дар Тоҷикистон асосан мошинҳои воридотӣ аз кишварҳои соҳили Балтика ва Аврупо харидуфурӯш шуда, нархашон аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ, қуввати муҳаррик ва ғайра вобаста аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи мошин дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар минтақа буда, ба кишвар асосан мошинҳои арзишашон аз 2,5 то 3 ҳазор доллар ва аз он болотар ворид мешаванд.

Вале бархе аз харидорон ба коҳиш ёфтани қиммати мошинҳо дар бозори дохилӣ чандон бовар надоранд. Ҷалолиддин Акрамов, ки се ҳафтаи охир барои харидории мошин ба калонтарин бозори Душанбе меравад, ба ин хулоса омадааст, ки нархи мошин поён шудааст, аммо на ба он ҳадде, ки таърифаш адр маҳфилҳои хосу омм дар кишвар садо медиҳад. “Нархе, ки ҳоло дар бозор ҳаст, бо таваҷҷуҳ ба буҳрон, ба ҷайби мардум мувофиқ нест,” - мегӯяд ин мусоҳиби мо.

Дар солҳои гузашта мақомот коҳишёбии воридоти мошинҳо ба Тоҷикистонро мавсимӣ медонистанд ва таъкид мекарданд, ки харидуфурӯши мошин дар охири сол дар мавсими бозгашти сокинони кишвар аз муҳоҷирати корӣ меафзояд. Аммо ҳоло ҳам тоҷирон ва ҳам сокинон мегӯянд, буҳрони молӣ тиҷорати мошинро дар кишвар сард кардааст.

Ҳоло усули табдили мошин бо молу маҳсулот низ дар бозорҳо роиҷ шудааст. Фурӯшандагони худравҳо, ки дар гузашта фақат барои як "Опел"-и олмонии соли бароришаш 1994 аз 3 то 4 ҳазор доллар ва гоҳе аз он ҳам зиёд пули нақд мехостанд, розӣ ҳастанд, онро маҳсулоти зарурияшон иваз кунанд.

Соли 2015 ба Тоҷикистон 17 752 воситаи нақлиёт ворид шудааст. Ҳоло барои ҳар мошине, ки ба кишвар ворид мешавад, 18 дарсад андоз аз арзиши изофа, 5 дарсад боҷи гумрукӣ ва 10 дарсад андози аксиз талаб мешавад.

XS
SM
MD
LG