Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 8 июн дари дафтари почтаи байналмилалии DHL дар Душанбе баста буд ва ба гуфтаи посбони ин ширкат, бори аввал буд, ки ҳеҷ як корманди он ба кор ҳозир нашуд. Як зан, ки мунтазири дарёфти номае аз Олмон ба назди дафтари DHL омада буд, гуфт, дар ҳайрат мондааст, ки санадҳояшро барои таҳияи визаи Шенген аз куҷо дастрас кунад ва масъулияти номаи нагирифтаи ӯро кӣ ба ӯҳда мегирад?

Сар аз рӯзи панҷшанбе фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон далели ин амрро ба зарурати сабти номи дубора ва дарёфти литсензия ё муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистон аз рӯи қарори моҳи

Бархе шубҳа доранд, ки ин ҷараён сареъ ба роҳ монда мешавад ва эҳтимолан, ҳадаф водор кардани муштариҳо ба муроҷиат ба хадамоти “Почтаи тоҷик” мебошад, то ки ин ширкат ҳам аз назари тиҷоратӣ пешрафт кунад

феврал навшуда рабт дод. Сокинони Тоҷикистон, вале бештар аз он ширкату созмонҳо, сохторҳои дипломатии хориҷии мустақар дар Тоҷикистон аз муштариёни аслии почтаи байналмилалӣ мебошанд ва аз ин хадамот маъмулан барои ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳим ва фаврӣ истифода мекунанд. Як нома тавассути ин ширкат аз Аврупо ба Тоҷикистон дар фурсати то 5 рӯзи корӣ дастрас мешуд ва аз амнтарин роҳҳои ирсоли санаду ҳуҷҷатҳои муҳим ба ҳисоб мерафт.

Хабари мутаваққифшавии фаъолияти почтаи байналмилалӣ бисёр муштариёни хадамот ва ҳам корбарони интернетро дар ҳайрат гузошт. Бисёриҳо суолгузорӣ кардаанд, ки дар сурати набуди хадамоти сареи байналмилалии ирсоли номаҳо ин корро кадом ширкат анҷом медиҳад ва номаҳои зарурие, ки дар ин шабу рӯз бояд вориди Тоҷикистон мешуданд, оё ба дасти муштариёнашон мерасанд? Ин ҳам дар ҳолест, ки барои ирсоли ҳар номаи сареъ тавассути ин почта аз кисаи муштарӣ на камтар аз 40 доллар пардохт мешавад.

"Ҳамеша бо DHL кор мекардем..."

Мавзуна Мирзоева, сухангӯи дафтари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз хабари мутаввақиф шудани фаъолияти почтаи байналмилалии DHL шигифтзада шудааст. Зеро ҳамаи асноди расмӣ ва гузоришҳои ин созмон аз тариқи DHL ба дафтари марказӣ ирсол шуда ва ҳуҷҷатҳои расмӣ низ тавассути ин ниҳод ворид мешуд.

“Ин хабар ба мо имрӯз расид. Пагоҳ маъмурият ин масъаларо баррасӣ карда ва роҳҳои ҳалли ин мушкилро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ҳамеша бо DHL кор мекардем ва ҳоло барои пайдо кардани алтернативаи он дар Тоҷикистон бояд андеша кунем. Фаъолияти “Почтаи тоҷик”-ро меомӯзем”.

Нигора Шоҳимардонова, корманди масъули дафтари агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Душанбе гуфт, ки ин ниҳод бо почтаи байналмилии Asia Express ҳамкорӣ карда ва имрӯз хабар ёфтаанд, ки фаъолияти ин почта низ мутаваққиф шудааст. Ба гуфтаи вай моҳе як маротиба гузоришу ҳуҷҷатҳои расмиро тавассути Asia Express ба дафтари марказӣ дар Анкара мефиристад. Шоҳимардонова гуфт, ки намедонад моҳи оянда почтаи расмиро чи гуна фиристад.

“Почтаи тоҷик” алтернативаи DHL?

Дар ҳоле, ки атрофи фаъолияти минбаъдаи ширкатҳои маъруфи номарасони байналмилалӣ дар Тоҷикистон номуайянӣ ҳосил шудааст, бархе тахмин мезананд, ки эҳтимолан мақомот мехоҳанд кори корхонаи давлатии “Почтаи тоҷик”-ро фаъол гардонанд. Ин корхона, ки аз замони шӯравӣ амал мекунад, ҳанӯз то чанд соли пеш дар ҳолати бӯҳронӣ ва тақрибан фаромӯшшуда буд, чун шеваи кораш – аз қабулу ирсоли номаву бор сар карда то барқиярасонӣ аз рӯи методҳои шӯравӣ амал мекард.

Аз ин хотир, аксар муштариёни почтаи байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ дар бораи хадамоти “Почтаи тоҷик” иттилои кофӣ надоранд. Бархе гуфтанд, наметавонанд қазоват кунанд, ки то куҷо ин ниҳод метавонад ҷойгузини DHL - почтаи сареи байналмилалӣ шавад.

Ҳанӯз моҳи марти имсол мақомоти ширкати "Почтаи тоҷик" хабар дод, ки бунгоҳҳои хаткашонии худро бо таҷҳизоти нави электронӣ муҷаҳҳаз кардааст ва бо ёрии фаннии Иттиҳоди байналмилалии почта, қароргоҳаш дар Швейтсария, шеваи корашро осону замонавӣ мекунад. Ин навоварӣ, аз ҷумла, аз тариқи онлайн назорат кардани номаҳои муштариён, дар фурсати 6 рӯзи корӣ ба даст гирифтани нома аз Аврупо бо нархи бамаротиб арзонтар ва дигар хадамотро ваъда медод.

DHL барои ирсоли номаву бастаҳо ҳавопаймоҳои худро дорад
DHL барои ирсоли номаву бастаҳо ҳавопаймоҳои худро дорад

Мақомот гуфтаанд, ки тасмими мутаваққиф шудани кори почтаи байналмилалии DHL ва хадамоти дигар муваққаттист ва баъди сабти номи дубораи ин ширкатҳо ва дарёфти литсензия онҳо ҳақи идомаи фаъолиятро ба даст меоранд. Вале бархе шубҳа доранд, ки ин ҷараён сареъ ба роҳ монда мешавад ва эҳтимолан, ҳадаф водор кардани муштариҳо ба муроҷиат ба хадамоти “Почтаи тоҷик” мебошад, то ки ин ширкат ҳам аз назари тиҷоратӣ пешрафт кунад.

Почтаи байналмилалии олмонии DHL дар соли 1969 таъсис шуда ва аз бузургтарин ниҳод дар бозори муросилотии ҷаҳон машсуб мешавад. Ин почта ба беш аз 120 ҳазор шаҳри 220 кишвари ҷаҳон аз тариқи ҳаво, роҳҳои обию заминӣ бору маводи фаврӣ интиқол медиҳад. Маълум нест, ки то куҷо “Почтаи тоҷик” метавонад пурра ҷойгузини ингуна хадамот шавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG