Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз 5000-рублӣ ва 100 сомонии қалбакӣ дар Тоҷикистон


Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии тамоми бонкҳо дар кишвар ҳушдор додааст, ки ҳангоми гирифтани 5000 рубли русӣ ва 100 сомонии тоҷикӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Ин ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи пайдо шудани намунаҳои коғазҳои қалбакии 100 сомонии тоҷикӣ ва 5000 рубли русӣ дар кишвар дода мешавад.

Зайниддин Холов, як масъули Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намунаҳое аз ин пулҳо дар кишвар пайдо шудааст ва барои ошкор кардани онҳо аз ҳама чораҳо кор мегиранд. Ӯ гуфт, “ба бонкҳои кишвар паём фиристодем, ки ба зертобеони худ дастур диҳанд, то ҳангоми гирифтани чунин пулҳо эҳтиёткор бошанд. Аз техникаҳо, аз тариқи детектори пулшуморӣ истифода кунанд ва ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.”

Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки 18-уми июни имсол кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини 21-солаи шаҳри Душанберо ҳангоми ба муомилот баровардани 24 купюраи 100 сомонии қалбакӣ боздошт карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ин сокин се дастгоҳи чопи ранга мусодира шудааст, ки эҳтимол тавассути онҳо пулҳои қалбакиро нашр кардааст.

Моҳи октябри соли 2016 ходимони амнияти Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз як шаҳрванди Афғонистонро бо гумони нигаҳдорӣ ва интиқоли пулҳои қалбакии сомонӣ боздошт карда буданд. Шоҳиззат валади Сироҷиддин, як шаҳрванди Афғонистонро барои он боздошт карданд, ки дар дасташ бастаи 1100 сомонӣ пул дошт ва ба қавли мақомоти тоҷик, ҳамаи ин пулҳо аз нақдинаҳои 100 сомонии қалбакӣ ё сохта иборат будаанд.

Мақомот он замон эълон карда буданд, ки пулҳои қалбакии тоҷикӣ зоҳиран дар хориҷи Тоҷикистон омода мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG