Пайвандҳои дастрасӣ

Аз кӯшиши табаддулот дар Туркия як сол гузашт


Аз аввалин солгарди кудето ё табаддулоти нофарҷом дар Туркия бо гирдиҳамоиҳои мухталиф ёдоварӣ мешавад. Ҳазорон нафар дар роҳпаймоиҳо дар ду шаҳри Туркия иштирок доранд.

Рӯзи 15-уми июл дар порлумон ва пул (купрӯк)-и машҳури Истанбул, ҷое, ки раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз рӯи хотираи қурбониёни ин табаддулоти нофарҷом парда бармедорад, суханрониҳо сурат мегирад.

Аз замони табаддулоти нофарҷом то ҳол ҳукумати Туркия 50 ҳазор нафарро боздошт ва беш аз 100 ҳазор нафари дигарро аз кор барканор кардааст. Дар остонаи солгарди ин кудатои нофарҷом, шаби 14-уми июл беш аз 7 ҳазор афсару сарбоз ва кормандони ниҳодҳои дигар аз кор барканор шуданд.

Соли гузашта дар ҷараёни кӯшиши табаддулот дар Туркия 250 нафар кушта ва беш аз 2000 нафар захмӣ гардиданд. То имрӯз дар даҳҳо додгоҳҳои Туркия муҳокимаи ширкатдорон ва омилони эҳтимолии ин ҳодисаҳо идома дорад.

Мақомоти Туркия рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гуленро ба даст доштан дар ин кудато муттаҳам медонанд. Гулен рӯзи ҷумъа як бори дигар даст доштан дар ин табаддулоти нофарҷомро рад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG