Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷи ТВ-ҳои Тоҷикистон кай дар Ширкент пайдо мешавад? ВИДЕО


Деҳаи Ширкенти Тоҷикистон ҳамагӣ чанд километр дуртар аз марзи Узбакистон воқеъ аст. Сокинони ин рустои ноҳияи Турсунзода солҳо боз бе барномаи телевизионҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Зуҳриддин, омӯзгори мактаб, ҳафтаи равон дар сӯҳбат бо хабарнигорони мо гуфт, ки чандин бор антеннаҳои гуногун харид, вале ҳатто беҳтарини онҳо телевизиони Тоҷикистонро танҳо рӯзона намоиш медиҳад.

Мехоҳам аз телевизиони “Ҷаҳоннамо” хабарҳо, аз “Синамо” филм ва аз “Варзиш” сабқатҳои варзиширо тамошо кунам, вале дар мо барномаҳо чунон омехта шудаанд, ки кас сардаргум мемонад.

Баъзе сокинони русто, ки мавҷпароканҳои моҳвораӣ доранд, мегӯянд, сифати пахши барномаҳо дар инҷо хуб нест. Сокини маҳаллӣ Абдунабӣ умедвор аст, ки ин мушкилро ниҳоят мақомот ҳал мекунанд. Чунки, ба қавли ӯ, аз вуҷуди он хабар доранд.

Дар наздикии ин русто аллакай “ретранслятор” насб шудааст. Аммо мавҷи он заиф буда, зуд-зуд аз кор мебарояд.

Дар хоани Абдунабӣ рӯзҳои софу беғубор садои чанд шабакаи телевизиони Тоҷикистонро шунидан мумкин аст, аммо тасвир пайдо намешавад. Мардум дар русто ба ҷуз аз тамошои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ тариқи антеннаҳои моҳвораӣ тақрибан ҳеҷ саргармие надоранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тибқи омори расмӣ дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон сокинон ба мавҷи телевизион дастрасӣ доранд, вале коршиносон мегӯянд, дар минтақаҳои баландкӯҳ ва наздимарзӣ тамошобинон аз чунин имкон маҳруманд. Набӣ Юсупов, раиси созмони “Медиа кансалтинг” мегӯяд, “агар шумо ба дилхоҳ деҳа равед, мебинед, ки бештари онҳо дар бомҳояшон антеннаҳои моҳвораӣ доранд. Агар мавҷи мо хуб бошад, зарурати чунин антеннаҳо дар чист?”

Набӣ Юсупов
Набӣ Юсупов

Коршиносон мегӯянд, дар минтақаҳое, ки сифати намоиши шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистон хуб нест, бо вуҷуди надонистани забон, сокинон ба тамошои телевизионҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон бартарӣ медиҳанд.

Яке аз сабабҳои аслии маҳбубият надоштани телевизионҳои Тоҷикистон дар якрангии муҳтавои шабакаҳои давлатӣ ва адами рақобат дар ин бозор гуфта мешавад. Набӣ Юсупов гуфт, “масалан, мехоҳам аз телевизиони “Ҷаҳоннамо” хабарҳо, аз “Синамо” филм ва аз “Варзиш” сабқатҳои варзиширо тамошо кунам, вале дар мо барномаҳо чунон омехта шудаанд, ки кас сардаргум мемонад. Дар баробари ин мӯҳтавои барномаҳо якранганд ва мардум дигар тамошо кардан намехоҳанд, чун барояшон ҷолиб нест.”

Аз нигоҳи коршиносон чунин интихоби шаҳрвандон ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар дорад. Сокинони наздимарзӣ иттилоъро аз расонаҳои ҳамсоя ва дар шакли ба онҳо мувофиқ дастрас мекунанд.

Таҳлилгарон барои ҳалли ин мушкил пешниҳод доранд, ки шабакаҳои нави мустақили телевизионӣ ташкил ва мизони маҳбубияти онҳо пайгирӣ шавад. Ҳамчунин, ҳукумат бояд ба сифати пахши барномаҳо таваҷҷӯҳ кунад. Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2006 дар Женева вазифадор шуда буд, ки то соли 2015 комилан ба пахши рақамии телевизионҳо бигузарад. Вале ин барномаи давлатӣ то соли 2020 ба таъхир афтодааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG