Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдуз Усмонова: "Тоҷикистон бароям ҳамсоя не, мисли ватан аст"


Юлдуз Усмонова
Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова, овозхони саршиноси Узбакистон, аз гармии равобити Душанбеву Тошканд истиқбол кард. Вай рӯзи 23-юми май дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон барояш ҳеҷ гоҳ кишвари ҳамсоя набуда, балки чун ватани худаш азиз аст.

Набояд як нафарро гунаҳкор донист. Мушкил дар мову шумо аст. Мо якдигарро туҳмат мекунем, бад мекунем ва роҳҳоро мебандем . Ташаккур ба президент, ки ин вазъро дид ва дарк кард, ки бояд роҳро боз кард

Усмонова як рӯз қабл аз барномаи консертиаш дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, тайи солҳое, ки ҳунарнамоиаш тавассути телевизионҳои давлатӣ манъ буд, ӯ хомӯш намонд ва дар ин муддат бо ҳунарнамоӣ дар хориҷ аз кишвар тавонист сафи мухлисони худро бештар кунад. Вай аз президенти феълии Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳам сипосгузорӣ кард, ки баъд аз 8 соли мамнӯият роҳи ӯро ба саҳнаи бузурги ҳунари Узбакистон боз кард.

"Набояд як нафарро гунаҳкор донист. Мушкил дар мову шумо аст. Мо якдигарро туҳмат мекунем, бад мекунем ва роҳҳоро мебандем . Ташаккур ба президент, ки ин вазъро дид ва дарк кард, ки бояд роҳро боз кард", - афзуд ӯ.

Юлдуз Усмонова: "Тоҷикистон бароям мисли ватан аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Юлдуз Усмонова, гуфт ватанаш Узбакистон ҳоло мушкилоти зиёд дорад ва дарвозаи худро на танҳо ба рӯйи Тоҷикистон, балки ба ҷаҳон боз мекунад. Бинобар ин, ба қавли ӯ, “бояд ҳама муттаҳид бошем ва корҳои зиёду наверо барои кишвару миллат анҷом диҳем.”

Усмонова гуфт, забони тоҷикиро медонад, вале феълан ба хотири ба иштибоҳ роҳ надодан аз суҳбат бо ин забон худдорӣ мекунад. Ӯ изҳори умед кард, ки бо консерти дурӯзааш дар Тоҷикистон интизору боварҳои мухлисони тоҷикашро бароварда месозад.

XS
SM
MD
LG