Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз Шабнаму Манижа. "Рӯйхати сиёҳ"-и телевизион бекор шуд


Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайёву Фарзонаи Хуршед ва Манижаи Давлату Садриддини Наҷмиддин барои ҳамкорӣ бо телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ва иштирок дар маъракаҳои расмӣ даъват шудаанд. Ин овозхонҳо то ин дам, ба қавле, дар “рӯйхати сиёҳ”-и телевизионҳои давлатӣ буда, солҳо боз аз иштирок дар маъракаҳои муҳими расмӣ низ маҳруманд.

Соли 2012 ё 2013 буд, дар як чорабинӣ бояд бо Баҳром Ғафурӣ таронаи муштарак мехондем. Суруд хуб буд, оҳанг ҳам хуб буд, вале якбора аз феҳраст хат заданд ва баъди он ҳам дигар ширкат накардам. Намедонам сабаб чӣ буд.
Валиҷон Азизов

Ҳафтаи гузашта раҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио дар як мулоқот аз ин овозхонҳо даъват кардаанд, ки оҳангу тарона ва “клип”-ҳои худро барои намоиш ба телевизион пешниҳод кунанд. Манобеи огоҳ аз хабар гуфтанд, ба ҳунармандон таъкид шудааст, бояд ба либос ва матну оҳангҳои худ низ таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Фарҳод Зикиров – навозандаи маъруфи тоҷик, ки дар ин мулоқот ҳузур доштааст, гуфт, мақомот, инчунин, дар бораи ахлоқи овозхонҳо сӯҳбат кардаанд. “Гуфтанд, ки ҳар як овозхон бояд бо одобу ахлоқи худ барои ҷавонон намуна бошад. Забони адабиро хуб омӯзад. Чун бештари овозхонҳо наметавонанд ба забони адабӣ сӯҳбат кунанд. Таъкид шуд, ки соли ҷавонон аст ва сурудҳои хубу пурмӯҳтаво ва тарбиявӣ омода кунеду биоед”, - афзуд ӯ.

Фарҳод Зикиров
Фарҳод Зикиров

Намояндаҳои яке аз шабакаҳои давлатии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъвати ҳамкорӣ аз овозхонҳое, ки то имрӯз дар телевизиону чорабиниҳо кампайдо буданд, дар доираи соли ҷавонон сурат гирифтаааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз овозхонон даъват ҳам шудааст, ки агар хоҳиш доранд, метавонанд ба ансамблҳои давлатӣ ҳамроҳ шаванд.

Мулоқот бо ҳунармандоне ба мисли Шабнами Сурайёву Садриддини Наҷмиддин ва Фарзонаи Хуршед ва даъват аз онҳо барои ҳамкорӣ дар ҳолест, ки тақрибан 7-8 сол боз ин афрод дар экрани телевизионҳо намудор набуданд. Мухлисон танҳо аз роҳҳои дигар, аз ҷумла диску интернет ва консертҳои алоҳида ё аз навори тӯю маъракаҳо таронаҳои нави онҳоро мешуниданд. Дар солҳои ахир онҳо тавассути саҳифаҳои худ дар Фейсбук бо мухлисон дар тамосанд.

Манижаи Давлат ба ин мулоқот даъват шуда, аммо дар рӯзи баргузориаш иштирок надоштааст
Манижаи Давлат ба ин мулоқот даъват шуда, аммо дар рӯзи баргузориаш иштирок надоштааст

Дар гузашта расонаҳо ва бархе аз овозхонон аз вуҷуди як рӯйхати ба истилоҳ “сиёҳ” дар телевизион сӯҳбат мекарданд, ки он бархе аз овозхону шахсиятҳоро аз роҳ ёфтан ба шабакаҳои давлатӣ манъ мекунад. “Қайчӣ” шудани ҳунарнамоии Шабнами Сурайё дар Наврӯзи 2011 аз барномаи телевизионӣ ҳадсу гумонҳоро дар бораи "рӯйхати сиёҳ" бештар кард. Аммо масъулини шабакаҳои давлатӣ дар сӯҳбатҳои худ мегуфтанд, ки чунин як феҳрасте вуҷуд надорад ва танҳо заъфи матну мувофиқ набудани либос боис мешавад, бархе аз ҳунармандон ба эфир роҳ наёбанд.

Валиҷон Азизов, овозхони ҷавони тоҷик, ҳам аз зумраи сарояндаҳои маҳрум аз имкони ширкат дар чорабиниҳои давлатӣ будааст. Валиҷон рӯзи 24 апрел гуфт, ҳарчанд бархе аз оҳангҳояш аз тариқи телевизион намоиш дода мешавад, аммо то ба ҳол барояш сабаби даъват нашудан ба барномаҳои консертии давлатӣ маълум нест. “Соли 2012 ё 2013 буд, дар як чорабинӣ бояд бо Баҳром Ғафурӣ таронаи муштарак мехондем. Суруд хуб буд, оҳанг ҳам хуб буд, вале якбора аз феҳраст хат заданд ва баъди он ҳам дигар ширкат накардам. Намедонам сабаб чӣ буд. Чизе намегуфтанд. Аммо дар маҷмӯъ барои мо овозхонон муаррифии ҳунари худ дар назди президент ифтихор аст”, - гуфт ӯ.

Валиҷон Азизов ҳангоми сабти яке аз клипҳояш
Валиҷон Азизов ҳангоми сабти яке аз клипҳояш

Валиҷон Азизов ба далели вазъи бади саломатӣ натавонистааст дар мулоқоти ҳафтаи гузашта бо ҳунармандон ширкат кунад, аммо аз ҳамкасбони дигар хабари пешниҳоди ҳамкории мақомотро шунида, “хушҳол шудааст”. Гуфта мешавад, дар мулоқоти масъулини Кумитаи радио ва телевизиону Вазорати фарҳанг бо ҳунармандон Манижаи Давлат, овозхони маъруф ҳам даъват шудааст, вале бо сабабҳои муталиф дар ин мулоқот ҳузур надоштааст.

Зеваршоҳи Муҳаммад, хабарнигори тоҷик, ки бештар масоили фарҳангиро пайгирӣ дорад, гуфт, ҳунармандон то чанд соле қабл барои муаррифии худу таронаҳояшон ба шабакаҳои давлатӣ ниёз доштанд, аммо имрӯз телевизион ба онҳо ниёз дорад.

Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят
Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят

“Имрӯз ҳама сарояндаҳо Вайбер доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд, сомонаҳои махсусест, ки метавонанд онҷо оҳангҳои худро пахш кунанд ва ҳаводоронашонро пайдо кунанд. Шояд мақомоти кумита ҳам эҳсос карданд, ки бо канора гирифтан аз ин ҳунармандони маъруфу маҳбуб намешавад чизеро тағйир дод ва пешниҳоди ҳамкорӣ доданд. Вале дар ҳар сурат ба ҳам омадани онҳо хуб аст.”

Берун овардани овозхонон аз феҳрасти ба истилоҳ “сиёҳ” ё даъват барои ҳамкорӣ аз сӯйи мақомот дар ҳолест, ки ба гуфтаи Зеваршоҳи Муҳаммад, дар ин авохир ҳсили кори сарояндаҳо аз лиҳозу матну оҳанг хеле беҳтар шудааст. “Онҳо дигар “шеъри худам ва оҳанги худам” намехонанд ва бо шоирон ҳамкорӣ доранду шеърҳои пурмаҳтаворо мехаранд”, - шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Қарор аст, нахустин консерти бузурги овозхонони маъруфи тоҷик, ки солҳо боз аз саҳнаи давлатӣ дур буданд, дар ростои рӯзи ҷавонон – 23 май баргузор шавад. Овозхонон аз ҳоло барои иштирок дар ин чорабинӣ матну оҳангҳои худро пешниҳод кардаанд ва дар сурати дарёфти хулосаи мусбат аз ҷониби шӯрои бадеӣ баъди тақрибан 8 сол аз тариқи телевизионҳои давлатӣ намоиш дода хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG