Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷвнигори маъруфи Узбакистон ба Тоҷикистон меояд


Обид Асомов - ҳаҷвнигори шинохтаи Узбакистон барои иҷрои як барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд.

Обид Асомов бо даъвати ширкати JM International қарор аст рӯзи 28-уми июл ба Тоҷикистон ояд ва дар толори истироҳатгоҳи "Малика" дар Варзоб ҳунарнамоӣ кунад.

Ҷонибек Муродов, раҳбари ширкати JM International дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳунарнамоии Асомов дар доираи барномаи вежаи тафреҳии ширкати мо бо номи “Шоми Душанбе” сурат мегирад. Ин аллакай нашри чоруми “Шоми Душанбе” хоҳад буд. Дар ин нашр мо тасмим гирифтем ҳаҷвнигори шинохтаи барномаи “Кривое зеркало” ("Оинаи каҷнамо")-ро даъват кунем. Асомов аз Русия ба Тоҷикистон меояд ва қарор аст дар истироҳатгоҳи зебою барҳавои "Малика" дар Варзоб ҳунарнамоӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол, ташкилкунадагони ин барномаи ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аллакай ҳамаи чиптаҳои барномаи мазкур аз сӯи мухлисон харидорӣ шудаанд. Асомов дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба ин бовар аст, ки сӯҳбат оростан қабл аз барномаи ҳунарӣ хосияти хубе надорад ва аз ин рӯ, танҳо пас аз анҷоми барномаи ҳаҷвиаш дар Тоҷикистон сӯҳбат хоҳад кард.”

Обид Асомов, ҳавҷнигори узбак дар берун аз Узбакистон ҳам шинохта шудааст ва аз ангуштшумор ҳунармандони кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки дар шоу-бизнеси Русия ҷойи по пайдо кардааст ва телевизионҳои Русия наворҳои ҳаҷвии ӯро ба намоиш гузоштаанд.

Саҳнаҳои ҳаҷвии Обид Асомов солҳои тӯлонист тариқи барномаи “Аншлаг” ва "Кривое зеркало"-и телевизиони РТР-и Русия намоиш дода мешавад, ки дар Русия ва кишварҳои посошӯравӣ ҳаводорони зиёде дорад. Аммо шӯхиву латифаҳои намакини Асомов, ки тариқи телевизионҳои Русия пахш мешаванд, ба мақомдорони кишвараш писанд нест. Ин аст, ки исми Асомов ба “рӯйхати сиёҳ”-и ғайрирасмии мақомоти Узбакистон ворид шудааст ва латифаву ҳаҷвияҳои ӯ кайҳост дар матбуот ва садову симои Узбакистон падидор нест. Худи Асомов дар гузашта гуфтааст, ки шӯхиҳои ӯ дар мавзӯи муҳоҷирони ӯзбак дар Русия ҳукумати кишварашро нороҳат кардааст ва ӯ баъди ин дар чашми мақомот "як шахси нохушоянд" шудааст. Намоишномаҳои қадимие, ки Асомов дар онҳо нақши калидӣ дошт ва ҳамчунин филмҳои тасвирӣ, ки дар он қаҳрамонҳо бо садои ӯ сӯҳбат мекарданд, ҳамагӣ мамнӯъ шудаанд. Ӯ мегӯяд, солҳост, ӯро барои ҳунарнамоӣ ба Узбакистон даъват накардаанд ва матбуот низ дастовардҳои ин ҳамватани маъруфро нодида мегирад.

Дар ду соли охир ин аввалин консерти як ҳунарманди Узбакистон дар Тоҷикистон хоҳад буд. То соли 2011 овозхонони узбак тақрибан бидуни мушкил дар шаҳрҳои Тоҷикистон консертҳои худро баргузор мекарданд, аммо пас аз ташдиди муносибатҳои ду кишвар дар паи баҳсҳои марбут ба эҳдои нерӯгоҳи Роғун рафтуомади ҳунармандону овозхонҳо ҳам қатъ шуд.

Соли 2011 дар Душанбе консерти Юлдуз Усмонова, матраҳтарин овозхони узбак низ бо «далоили фаннӣ» муваққатан ба таъхир гузошта шуда ва билохира лавғ шуд. Пас аз лағви консерти Усмонова ширкатҳои продюсерии Тоҷикистон баъзе аз «ситора»-ҳои дигари Узбакистон, аз ҷумла Озодбек Назарбеков ва Севинч Мӯъминоваро низ қабул карда натавонистанд.

Бори охир ду соли пеш ҳунармандон ӯзбакистонӣ - Фирӯза Ҷумъаниёзова ва Шералӣ Ҷӯраев дар шаҳрҳои Истравшан ва Хуҷанд - шимоли Тоҷикистон консерт барпо карда буданд.

XS
SM
MD
LG