Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Главлит" бармегардад?


Бо қарори нави ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радио фаъолияти шӯрои эҷодиро тақвият медиҳад, ки масъули танзими матолиби шабакаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон қарори нави "Самтгириҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021"-ро (таҳти рақами 280) қабул кард, ки аз он ба ҳайси низоми нави фаъолияти телевизион ва радио дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. Яке аз вазифаҳои ин санад – тақвияти нақши шӯрои эҷодӣ дар назди Кумитаи радиову телевизиони кишвар мешавад, ки аз назари аҳли матбуот – эҳтимолан шабеҳи "Главлит"-и даврони Шӯравист.

Қарори нав ҳимоя ва тарғиби манфиатҳои миллиро ҳадаф қарор дода, доираи мавзӯъҳоро ҳам барои расонаҳо муайян кардааст. Чизе ки, ба эътимоди аҳли назар, сензураи ошкорои радиову телевизион, аз ҷумла шабакаҳои ғайридавлатӣ аст. Дар сӯҳбат бо Озодӣ масъулони бархе аз шабакаҳои давлативу ғайридавлатӣ гуфтанд, чунин санад бори аввал аст, ки қабул мешавад, вале таҷрибаи кори ин муассисаҳо то ҳол чунин аст, ки нақшаи кори онҳо як сол пеш кашида ва ба ихтиёри Кумитаи телевизион ва Радиои Тоҷикистон супурда мешавад.

"СЕНЗУРАИ ДАВЛАТӢ НЕСТ"

Фаррух Зиёев. Акс аз шабакаи Фейсбук
Фаррух Зиёев. Акс аз шабакаи Фейсбук

Фаррух Зиёев, раиси шабакаи давлатии Радиои Тоҷикистон, ки аз қабули ин қарор ҳимоят кард, гуфт, самтгириҳои сиёсии кори шабакаҳои телевизиону радио қаблан дар суханрониҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам зикр шудааст. Фаррух Зиёев гуфт, шабакаҳои ғайридавлатӣ ҳам, ба унвони расонаҳое, ки дар дохили Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда аз рӯи қонунҳои ин кишвар амал мекунанд, бояд манфиатҳои миллиро ба назар гиранд:

"Бале, онҳо сиёсати кори худро худашон муайян мекунанд. Вале чун онҳо дар қаламрави Тоҷикистон барои мардуми Тоҷикистон барномаҳо таҳия мекунанд, вақте иҷозатномаи пахшро мақомоти давлатӣ пешниҳод мекунанд, ин маънои онро надорад, ки онҳо чӣ хабар ё

Эҷодкорӣ танҳо дар муҳити бидуни сензура метавонад вуҷуд дошта бошад. Хушбин нестам, ки бо қабули ин қарор дар кори шабакаҳои давлатӣ чизе тағйир меёбад.
Зафар Абдуллоев

маълумоте, ки мехоҳанд, пешниҳод кунанд. Бояд ин расонаҳо низ ба инобат бигиранд, танҳо манфиати мардуми тоҷик, шунавандаи тоҷик ва ба манфиати миллати тоҷик аст".

Дар ҳоле ки ба бовари Фаррух Зиёев ин санадро набояд ҳамчун “сензураи давлатӣ” қабул кард, яке аз собиқадорони телевизион ва радиоҳои хусусӣ дар Тоҷикистон гуфт, ин санад пеш аз ҳама ба он маъност, ки ҳукумат ҳоло “дарк мекунад, ки зарурати таъмини фазои иттилоотии кишвар бояд аз самтгириҳои аслии давлат бошад”.

"ТАСМИМИ САРИВАҚТӢ, ВАЛЕ..."

Маҳмудҷон Дадобоев
Маҳмудҷон Дадобоев

Маҳмудҷон Дадобоев, муассиси яке аз аввалин телевизинҳои мустақили Тоҷикистон “СМ-1” (дар вилояти Суғд) дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ, агар пайғоми ин санад қобили дастгирӣ бошад, шахсан ӯ мухолифи боло бурдани нақши “шӯрои бадеӣ” аст: "Вақте расонаҳои иттилоотӣ соҳиби литсензия мешаванд, соҳиби тахассус ҳастанд, пас, онҳо салоҳият доранд. Яъне, онҳо дар баробари қонун ҷавобгарӣ доранд. Шояд, ки таъсису дар ин санад ворид кардани ин шӯрои бадеӣ зарурат надошт".

Як масъули радиои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон гуфт, бе ин ҳам дар шароити кунунӣ радиои онҳо талош мекунад, маҳз аз мавқеи ватандӯстиву таблиғи ғайриалании манфиатҳои миллӣ кор гирад, то ки бидуни "бори идеологии" ин мафҳум шунавандаҳои онҳо аз ин ақидаҳо тарафдорӣ кунанд.

Вера Кулакова-Браннеруд, раҳбари кулли радиои “Ватан” бо ин ки қабули қарори ҳукуматро барои шабакаҳои давлатии Тоҷикистон “муҳим ва саривақтӣ дар амри тақвияти сиёсати ҳукумат” арзёбӣ кард, гуфт, "барои ман мушаххас нест, ки манзури онҳо аз шакл додани тафаккури миллӣ чӣ аст? То куҷо ин мафҳумро ҳама сардабирон ва журналистон дуруст мефаҳманд ва то куҷо дар ин замина андешаи воҳид вуҷуд дорад? Бешубҳа, ин санад ба кори тамоми шабакаҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла мо ҳам таъсир хоҳад гузошт. Бе чунучаро аз мо ҳам иҷрои онро талаб хоҳанд кард ва Кумитаи телевизион ва радио инро назорат хоҳад кард."

"ЧИЗЕ ТАҒЙИР НАХОҲАД ЁФТ"

Вера Кулакова-Браннеруд
Вера Кулакова-Браннеруд

Вера Кулакова-Браннеруд мегӯяд, ҳоло саволи дигари муҳим ин аст, ки механизми иҷрои ин ҳама талабот чӣ гуна ба роҳ монда мешавад? Ин андешаро журналисти мустақил Зафар Абдуллоев ҳам баён кард ва гуфт, дар асл ин санад “чандон ҷиддӣ ва такмилшуда нест” ва як далелаш ҳам ин аст, ки он ба ҷуз зикри декларативии ормонҳои ҳукумат, тарзи иҷрои онҳоро нишон намедиҳад.

Вай гуфт: "Сензура дар шабакаҳои давлатии телевизиону радио вуҷуд дорад. Он чи ки дар ин санад оварда шудааст, ғайри қобили иҷро аст, чунки сиёсати умумии расонаҳои давлатӣ ба он чи ки дар ин шабакаҳо намоиш дода мешавад, мувофиқат намекунад. Пас, эҷодкориву халлоқият чӣ мешавад? Эҷодкорӣ танҳо дар муҳити бидуни сензура метавонад вуҷуд дошта бошад. Ман хушбин нестам, ки бо қабули ин қарор дар кори шабакаҳои давлатӣ чизе тағйир меёбад."

Бархе аз мусоҳибон аз таҷрибаи кори чанд шабакаи телевизионии Русия ва Аврупо (“Russia Today”, “Россия 24”, “Евронюс”), ки солҳои охир бо маблағҳои зиёд тавонистанд ба дастгоҳҳои қавиву босуръати хабарпароканӣ табдил шудаанд, ба унвони мисолҳои боризи кор бо мағзи тамошобин ёд карданд. Ҳоло, мегӯянд онҳо, Тоҷикистон чунин имконияти моливу фаннии роҳандозии чунин шабакаҳоро надорад ва мутахассисони маҳаллӣ ҳам, ба гуфтаи онҳо, ҷавобгӯи талаботи чунин расонаҳои оперативии иттилоотӣ ва идеологӣ шуда наметавонанд.

ҚАРОРИ 280

Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов, журналист ва таҳлилгари мустақил, қарори навро ҳамчун “як сензура” ва “хилоф бо Конститутсияи Тоҷикистон” ба боди танқид кашид. Вай гуфт, "қарори 280-и ҳукумати Тоҷикистон амалан Кумитаи радиову телевизионро ба сензура дар муҳити расонаӣ дар соҳаи телевизион ва радио новобаста аз шакли моликият таъин кардааст. Дар ин қарор бо такя ба моддаи 6-и Қонуни ҶТ дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ гуфта шудааст, ки кори радиову телевизионҳо бояд аз ҷониби кумита танзим ва назорат шавад. Танзим ва назорати ВАО ин сензура аст. Бинобар ин, қарори 280 зиддиконститутсионӣ аст ва он бояд ҳатман аз ҷониби прокуратураи генералии Тоҷикистон бекор карда шавад". Вай гуфт, ҳоло назорат аз болои кори расонаҳо ва ҷомеаи журналистӣ пурзӯр мешавад.

Бозори телевизион ва радиои Тоҷикистон аз назари мутахассисон дар аксар ҳолатҳо ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нест. Масъалаи умумии онҳо дар камбуди маблағ, мутахассисони ҳирфаӣ, дастгоҳҳои замонавии пахш аст, ва тавре як собиқадори соҳаи телевизиони хусусӣ дар Тоҷикистон гуфт, аксари онҳо ҷавобгӯи рисолату вазифаҳои худ нестанд. Вале боз ҳам асли мушкил дар қадами аввали фаъолият - дарёфти литсензия ё иҷозатномаи фаъолияти шабакаҳои мустақил аст.

Омори расмӣ ҳокист, ки дар кишвар 72 ТВ ва радиои давлативу ғайридавлатӣ сабтином шуда, аз инҳо 20 ТВ ва 16 радиои мустақил ҳамарӯза фаъол ҳастанд.

XS
SM
MD
LG