Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи рекламаи "Порше" дар мактабҳои Тоҷикистон


Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун дар бораи реклама гуфт, ки аз ин пас ҳеҷ ширкат, ё муассисае ҳақ надорад, моли худро “рақами 1” ном барад ва касе ҳақ надорад, дар васоили таълимӣ моле, ё ҳарчизи дигареро таблиғ кунад.

Дар ҷаласаи порлумон дар охири ҳафтаи гузашта тарҳи нави Қонун дар бораи реклама баррасӣ шуд ва вакилони мардумӣ онро бе баҳси зиёде қабул карданд. Бар асоси қонуни ислоҳшуда аз ин баъд дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, ки дар васоили таълимӣ аз ҷумла китобу дафтар, моли ширкат, ё чеҳрае таблиғ шавад.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддинҳисорӣ, зимни муаррифии тарҳи нави қонун, гуфтааст, ҳадаф аз ислоҳи қонун “ба низом даровардани бозори реклама” дар Тоҷикистон аст, чун дар ин бозор қонуншиканӣ зиёд ба назар мерасад.

Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, “вақтҳои ахир дар лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла дар рӯзнома ва дафтарҳои мактабӣ, рекламаҳои гуногун паҳн мегардад, ки ба ҷараёни таҳсил рабт надоранд."

Дафтар бояд соф бошад

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили мардумӣ, ки аз аввал дар баррасии тарҳи нави Қонун дар бораи реклама ширкат доштааст, рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ончӣ ки дар дафтари бачаҳо тарғиб мешавад, ҳушу ёди онҳоро тарафи дигар мекашанд.

“Дар ҳамин дафтарҳо аксҳои гуногун аст, сурати ҳофизон ҳаст, раққосаҳо ҳаст, ракета ҳаст, мошин ҳаст, баъд байрақи кишвари дигаре ҳаст, пойтахти кишвари дигаре ҳаст, акси баъзе актёрҳо ҳаст. Ҳамаи ин таблиғот аст ва зеҳни кӯдакро як тараф мекашад, масалан сурати як Поршеро мебинад, ба он чашм дӯхта мешинад, ҳушаш ба дарс нест, балки ба Порше аст.” -гуфт Саидҷаъфар Усмонзода.

Ҳамаи ин таблиғот аст ва зеҳни кӯдакро як тараф мекашад, масалан сурати як Поршеро мебинад, ба он чашм дӯхта мешинад, ҳушаш ба дарс нест, балки ба Порше аст.

Аз ин рӯ ба гуфтаи Саидҷаъфар Усмонзода, ба моддаи 5-уми қонун таҳрире илова карданд, ки дигар иҷоза намедиҳад, дар дафтар акси касеву чизе бошад.

“Дафтар бошад, бояд дафтари соф бошад, китоби фаннӣ бошад, бояд бе таблиғот бошад.” – гуфт, вакили Маҷлиси намояндагон.

Дигар касе "рақами 1" шуда наметавонад

Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ масъалаи муболиға дар реклама дар Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад ва ислоҳи қонун имкон медиҳад, ки аз муболиға ва фиреби муштариён ҷилавгирӣ шавад.

“Аз ҷумла реклама таввасути калимаҳои беҳтарин, олӣ, сифати олӣ, ҳамчунин арзонтарин паҳн мегардад, ки вайронкунии қонунгузории реклама буда ва дар бозори моли муайян рақобати бевиҷдононаро эҷод мекунад.” Аз ин рӯ дар қонуни нав се ибораи нав “рақами 1”, “беҳтарин” ва “сифати олӣ”-ро ворид кардаанд.

Саъдӣ Қодирзода дар як нишасти хабарӣ
Саъдӣ Қодирзода дар як нишасти хабарӣ

Саъдӣ Қодирзода ҳамчунин телевизиону радиоҳои Тоҷикистонро танқид кардааст, ки баъзе аз барномаҳои тарғиботиашон аз 7 то 11 дақиқа мекунад, ки боиси нороҳатии бинандаву шунаванда мешавад.

Алишер Холиқназаров, мутахассиси соҳаи реклама дар Тоҷикистон мегӯяд, дар гузашта чандин ширкату муассиса барои муболиға дар тарғиби мол ва истифодаи калимаҳое ба мисли “беҳамто”, “мутлақо”, “ягона” ҷарима шудаанд ва ворид кардани ибораҳои нав, ки муболиғаи беш аз ҳад доранд, кори дуруст аст.

“Усулан ин кори баде нест, чунки мо ҳақ надорем, бигӯем, ки мо беҳтарин ҳастем. Моро бояд мизоҷ баҳо диҳад ва беҳтарин, ё хубтарин бигӯяд” -мегӯяд Алишер Холиқназаров.

Мутахассиси тоҷик ҳамчунин нашри зиёду пай дар пайи реклама дар телевизионҳоро танқид кард, ки мардум дар Тоҷикистонро асабонӣ кардааст. Як саҳнаи ҳаҷвӣ ҳам ҳаст, ки дар он ҳаҷвнигоре мегӯяд, “Телевизионҳои Тоҷикистон бисёр хубанд, баъзан дар байни реклама, филм ҳам нишон медиҳанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода ҳам гуфт, барои пешгирӣ аз ин дигар телевизионҳо иҷоза надоранд, ки дар байни як барнома бештар аз 3 дақиқа реклама нашр кунанд. Шикоят ҳам аксаран аз телевизионҳои давлатии саросарӣ аст, ки ширкатҳои зиёде барои таблиғ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Вазъи нохуби бозори рекламаи хиёбонӣ

Ба гуфтаи Алишер Холиқназаров, ҳоло як масъалаи муҳим ва ё мушкилот дар бозори рекламаи Тоҷикистон на муболиға, балки кам шудани ширкатҳоест, ки ба тавсиаи моли худ машғуланд.

Ин лавҳаҳои бузург холӣ мондаанд.
Ин лавҳаҳои бузург холӣ мондаанд.

“Ҳоло рекламаи берунӣ дар Душанбе бисёр кам шудааст. Баъд аз онки ширкатҳои мобилӣ аз тарафи кумитаи андоз ҷарима шуданд, онҳо харҷи худро барои рекламаҳои берунӣ кам карданд. Баъзеашон комилан бардоштанд. Ҳоло бисёре аз билборд, ё лавҳаҳои бузурги таблиғотӣ дар пойтахт холианд”- мегӯяд, Алишер Холиқназаров.

Соли гузашта Кумитаи андози Тоҷикистон чандин ширкати бузурги мобилӣ аз ҷумла Бабилон, Тселл- ро ба пинҳон доштани даромад муттаҳам карда ва аз онҳо хост, ки чандин миллион сомонӣ ҷарима бипардозанд.

Дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёди хурду бузург ба тарғиби молу реклама машғуланд. То соли 2015 бино ба гузоришҳо телевизионҳои кишвар солона то 500 ҳазор доллар аз ҳисоби реклама фоида мегирифтанд, аммо ҳоло бозори реклама ҳам мисли дигар арсаҳои иқтисоди кишвар ба мушкилоти зиёд гирифтор аст.

XS
SM
MD
LG