Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Навоз Шариф дар Душанбе


Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз зӯҳри 5-уми июл дар Қасри Миллат бо Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, дидору гуфтугӯ кард. Нахуствазири Покистон бо як сафари расмии дурӯза имрӯз вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, пас аз истиқболи расмӣ, мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф баргузор шуд. Пас аз он мулоқоти ҳайатҳои расмии ду тараф идома кард. Дар назар аст дар поёни мулоқоту гуфтугӯҳо, чанд санади ҳамкорӣ, имзо шавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қаблан гуфт, ки интизор меравад дар ин дидору мулоқотҳо мавзӯи раванди иҷрои тарҳи энержии минтақавии CASA-1000, ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ ва муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, баррасӣ шаванд. Ин дувумин сафари Навоз Шариф ба Тоҷикистон дар ду соли ахир аст. Вай 2-юми майи соли 2016 дар маросими расмии оғози кор дар тарҳи CASA-1000, ширкат карда буд.

Дар соли 2016 ҳаҷми табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Покистон ҳудуди 65 миллион доллар будааст, ки нисбати як соли пеш 14 сад коҳиш ёфтааст. Бо ин вуҷуд, ду кишвар қасд доранд ҳаҷми тиҷорати миёни Тоҷикистону Покистонро то ба 500 миллион доллар расонанд.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз Покистон асосан маводди кишоварзӣ ва либос ворид мекунад ва ба ин кишвар алюминий ва маҳсулоти аз ин мавод омода кардаро мефиристад. Тӯли чанд соли ахир Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон машғули таҳияи созишнома дар бораи транзит ва интиқоли маҳсулот ҳастанд, ки барои интиқоли маҳсулот миёни се кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Аммо ба сабабҳои мухталиф ин ҳуҷҷат то ҳол имзо нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG