Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин қатори мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид


Қатори Душанбе - Остона ба сафари нахустин мебарояд
Қатори Душанбе - Остона ба сафари нахустин мебарояд

Шаби 18 ба 19 июн нахустин қатораи мусофирбари Душанбе ба шаҳри Остонаи Қазоқистон расид. Дар ин бора мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон хабар доданд. То ин замон миёни ду давлат мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан вуҷуд надошт.

Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ба роҳ мондани қатораи самти Душанбе-Остона қарор қабул карданд. Мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон мегӯянд, қатораи Душанбе-Остона "дар марҳилаи баргузории намоишгоҳи байналхалқии EXPO-2017 ба рушди туризм саҳм мегузорад".

Масири қатораи мазкур тавассути Қарақалпоқистон ва аз хати роҳи оҳани Бейнау-Жезказган мегузарад. Қатора аз даҳ қатор ё вагон иборат буда, аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе ва аз Остона рӯзҳои душанбе ҳаракат мекунад.

XS
SM
MD
LG