Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврпуо барои Осиёи Марказӣ стратегияи нав таҳия мекунад


Прачами Иттиҳоди Аврпуо

Иттиҳоди Аврупо дар заминаи натиҷагирӣ аз нишасти рӯзи душанбеи вазирони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳод, пешниҳодҳои стратегияи нав дар Осиёи Марказиро то охири соли 2019 ироа мекунад.

Стратегияи феълии блок дар робита ба Осиёи Марказӣ соли 2007 тасвиб шуд ва қолаби равобити Брюсел бо панҷ кишвари собиқ шӯравӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон Туркманистон ва Узбактистонро танзим мекунад.

Дар ҳоле, ки ҳеҷ тасмими мушаххасе дар робита ба стратегияи нав гирифта нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки натиҷагирии Шӯрои вазирони хориҷӣ дар робита ба Осиёи Марказӣ якчанд бахшро дар бар хоҳад гирифт.

Дар матн омадааст, ки " бо назардошти чолишҳои ҷиддии ҳуқуқи башар, бо шумули масоили ҷинсиятӣ дар минтақа, Шӯро ба зарурати идомаи муколама бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳукуматдории хуб, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқи башар таъкид мекунад.

Ин санад ҳамчунин аҳамияти фазои матбуоти мустақили орӣ аз фишорҳои дорхиливу хориҷиро барҷаста мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG