Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи бозҷӯии иддаои "Авроқи Панма" Навоз Шарифро бозпурсӣ кард


Навоз Шариф
Навоз Шариф

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф дар ростои гурӯҳи таҳқиқотие ҳозир шуд, ки иддаои даст доштани хонаводаи ӯ дар таъсиси ширкатҳои оффшорӣ ва ҳамчунин пулшӯиро бозҷӯӣ мекунад.

Шариф бо хабарнигорон, ки рӯзи 15 июн барои пӯшиши қазия дар маҳалли Камиссиюни муштараки таҳқиқотӣ ҷамъ шуданд, сӯҳбат накард.

Дар таърихи навини Покистон бори аввал аст, ки нахуствазир дар рӯ ба рӯи гурӯҳи бозҷӯӣ қарор мегирад.

Ин гурӯҳи иборат аз ходимони истихборот ва истихбороти низомӣ, ки онро Додгоҳи Олӣ таъсис додааст то ҳол писари бузурги Шарифро бозпурсӣ кард.

Навоз Шариф, ки иддао даст доштани хонаводааш дар таъсиси ширкатҳои оффшорӣ ва пулшӯиро рад мекунад, аз соли 2016 таҳти бозҷӯии Додгоҳи Олӣ қарор дорад.

Бозҷӯии ӯ дар заминаи асноди мавсум ба "Авроқи Панма" ҷараён мегирад, ки ба миллионҳои хонаводаи Навоз Шариф дар оффшорҳо тамаркуз кардааст.

Додгоҳ моҳи апрел қарор кард, ки барои дур кардани Шариф аз қудрат маводи кофӣ надорад, аммо дастур дод, ки қазия таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG