Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳодaтномаи хатми синфи нуҳ – 1000 доллар?


Як мудири мактаби миёна дар Кӯлоб ба гумони фурӯхтани шаҳодатномаи хатми синфи нӯҳум ба яке аз сокинони минтақа боздошт ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн гуфтанд, ки Ҷӯрахон Ғуломов қасд доштааст, ин шаҳодатномаро ба ивази 1000 доллар бифурӯшад. Бино ба хабари масъулини Оҷонсии зиддифасод, “мудири мактаби рақами 2 баъд аз гирифтани маблағ дар утоқи кориаш боздошт ва ҳазор доллар ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.” Дар Оҷонсии зиддифасод гуфтанд, ки нисбат ба Ғуломов бар асоси қисми дуи моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “гирифтани пора” парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

XS
SM
MD
LG