Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон 6 коргари ширкати лаҳистониро озод карданд


Толибони Покистон шаш коргари як ширкати нафту гази Полшаро, ки соли гузашта рабуда шуданд, озод карданд. Дар ин бора мақомот хабар доданд. Коргарони ширкати “Геофизика Краков” ноябри соли 2016 аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе дар минтақаи Дараи Исмоилхони воқеъ дар вилояти шимолуғарбии Хайбар Пахтунхва рабуда шуданд.

Зафрулислом Хаттак, як мақоми баландпояи вилояти Вазиристони Ҷанубӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки гаравгонҳо шоми 4 июн “бидуни ҳеҷ қайду шарт озод ва ба дасти мақомоти афғон” супурда шуданд.

Хаттак гуфт, ки дар ҷараёни озод кардани гаравгонҳо ришсафедони қабилаҳои маҳаллӣ иштирок карданд. Коргарони лаҳистонӣ ба шаҳри Ванои Вазиристонии Ҷанубӣ интиқол дода шуданд.

Видеоҳои охирин

Андози зиёд мафоди ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро коҳиш додааст
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG