Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мурофиаи додгоҳии Омурбек Текебоев дар Бишкек


Мурофиаи додгоҳии Омурбек Текебоев - 05.06.2017

Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон муҳокимаи нахустини роҳбари ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва вазири пешини ҳолатҳои фавқулодда Дуйшенқул Чотонов баргузор шуд. Ҷаласаи додгоҳӣ ба таври боз сурат гирифт.

Омурбек Текебоев дар додгоҳ гуфт, "омодаи мубориза аст". Ба гуфтаи вакили порлумон, "ҳато дар сурати мағлубият дар додгоҳ, ӯ дар ин муборизаи таърихӣ ҳамчун пирӯз сабт мешавад". Ҳам Текебоев ва ҳам Чотонов талаб карданд, ки ҳамаи шоҳидон дар додгоҳ ширкат кунанд ва ҷаласаҳо бо забони қирғизӣ сурат бигиранд.

Вакилони дифоъ ва ҳам худи Текебоев аз додгоҳ хостанд, ки барои шиносоӣ бо парванда муҳлат дода шавад. Текебоев мегӯяд, ошноии комил бо маводи парванда ба раванди муҳокима таъсир мерасонад. Судя Эрнис уулу Айбек ин дархостро қонеъ ва 3 рӯз муҳлат дод.

Дар ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз Текебоев гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Шоҳидон мегӯянд, то 100 ҷонибдорӣ Текебоев ба таври мустақим раванди муҳокимаро назорат карданд. Ҷонибдорони сиёсатмадор раҳоии ӯро талаб доранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотоновро дар фасодкорӣ айбдор мекунад. Соҳибкори рус Леонид Маевский шикоят кардааст, ки соли 2010 барои мусоидат дар хариди саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев 1 миллион доллар пора додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG