Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Лондон 7 нафар кушта шуд


Пулиси Лондон дар маҳалли ҳодиса
Пулиси Лондон дар маҳалли ҳодиса

Мақомоти Бритониё мегӯянд, дар ҳамлаи шаби 3-уми июн, ки ҳамлаи “террористӣ” буд, 7 нафар кушта шуд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот, соати 10-и он шаб ба вақти маҳаллӣ гурӯҳе аз ҳамлаварон мошини хурди мусофирбареро дар болои пули Лондон ба рӯи раҳгузарон ронданд ва сипас ба ресторанҳои наздики онҷо ворид шуда, мизоҷонро корд заданд. Се марди ҳамлавар баъди 8 дақиқаи даъвати пулис ба ҷойи ҳодиса кушта шудаанд.

“Онҳо одамонро корд мезаданд. Мо дод мезадем, ки бас кунед, бас кунед ва сипас мардум ба сӯи онҳо курсиҳоро партоб карданд”

Марк Роули, сардори пулиси зиддитерористии Лондон, субҳи 4-уми июн гуфт, ки ба эътиқоди онҳо дар ҳамла фақат се нафар ширкат дошт ва таҳқиқи амали “террористӣ” идома дорад. Ба гуфтаи мақомот, афроди ҳамлавар, камарбандҳои дурӯғини тарканда доштаанд.

Маъмури пулис дар назди ҷасади фарде, ки зоҳиран яке аз ҳамлаварон аст.
Маъмури пулис дар назди ҷасади фарде, ки зоҳиран яке аз ҳамлаварон аст.

Бори саввум аст, ки Бритониё пас аз моҳи март шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ мешавад. Айни ҳамла рӯзи 22-уми март дар назди пули Вестминстер дар назди бинои порлумони Бритониё ба вуқӯъ пайваст ва 22-уми май дар як консерте дар шаҳри Манчестер бомб таркид.

Мақомот мегӯянд, афроди ҳамлавар аввал дар болои пули Лондон бо мошини сафеди хурди мусофирбар ба сӯи раҳгузарон ронданд ва чанд нафарро зер карданд. Онҳо баъдан ба Бозори Бороу, яке аз маконҳои дидании сайёҳон, ки тарабхонаҳои зиёд дорад, рафта ва чанд нафарро корд задаанд. Ҳолли Ҷонс, хабарнигори Би-би-сӣ, ки дар болои пули Лондон будааст, мегӯяд, мошинеро дид, ки “ғолибан бо суръати 80 километр дар як соат ҳаракат мекард.

Ин як ҳамлаи барқасдона ва буздилона ба сокинон ва меҳмонони бегуноҳи Лондон буд, ки шаби шанбе истироҳат доштанд. Ин амали ваҳшиёна ҳеҷ тавҷеҳ надорад.

Ӯ гуфт, “мошин ба тарафи ман гашт ва тақрибан 5 ё 6 нафарро зад.” Шоҳидони ҳодиса дар Бозори Бороу гуфтанд, ки се марди мусаллаҳ бо корд ба ресторану барҳо ворид шуданд ва ба мизоҷон ҳамла карданд. “Онҳо одамонро корд мезаданд. Мо дод мезадем, ки бас кунед, бас кунед ва сипас мардум ба сӯи онҳо курсиҳоро партоб карданд”, - гуфтааст, мудири як ресторан ба хабаргузории DPA-и Олмон.

Ҳоло маълум нест, ки 7 нафари ҳалокшуда раҳгузарони пули Лондон будааанд ва ё мизоҷони ресторанҳо.

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, ҳодисаро “воқеаи ваҳшатнок” номид ва гуфт, ки рӯзи 4-уми июн онро бо аъзои ҳукумат баррасӣ мекунад. Содиқ Хон, раиси шаҳри Лондон, ин ҳодисаро амали “ваҳшиёна” номид. Ӯ гуфт, “ин як ҳамлаи барқасдона ва буздилона ба сокинон ва меҳмонони бегуноҳи Лондон буд, ки шаби шанбе истироҳат доштанд. Ин амали ваҳшиёна ҳеҷ тавҷеҳ надорад.”

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар саҳифааш дар Твиттер ба Бритониё изҳори ҳамдардӣ кард. Ӯ навишт, ки “дар баробари фоҷиаи нав, Фаронса беш аз пеш дар канори Бритониё аст.” ​Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Твиттер навишт, ки "Амрико омода аст, ҳама корро барои кумак ба Лондон ва Бритониё анҷом бидиҳад. Мо ҳамеша бо шумоем. Худо нигаҳбон."

Ӯ ҳамчунин навишт, "мо бояд ҳушёр, эҳтиёткор ва мустаҳкам бошем. Зарур аст, ки додгоҳҳо ҳаққи моро баргардонанд. Мо бояд (фармони) манъи сафарро ҳамчун чораи иловагӣ барои амният дошта бошем."

Дар ҳамлаи Манчестер 22 нафар кушта шуданд.
Дар ҳамлаи Манчестер 22 нафар кушта шуданд.

Бритониё баъди ҳамлаҳои ахири террористӣ ва дар остонаи интихоботи порлумонии рӯзи 8-уми июн дар ҳолати омодабош қарор дорад. Рӯзи 22-уми март як ронанда мошинашро дар рӯи пули Вестминстер дар Лондон ба рӯи раҳгузарон ронд ва 3 нафарро кушту 29 тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Баъдан ӯ мошинашро ба девори гирди порлумон зад ва ба афсари пулис бо корд ҳамла кард. Баъд аз ин, дар рӯзи 22-уми май ҳангоми консерти Ариана Гранде, овозхони амрикоӣ дар шаҳри Манчестер, як бомбгузори маргталаб худро дар дохили толор тарконд ва 22 нафарро кушт.

XS
SM
MD
LG