Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумбиши Толибон даст доштанашро дар ҳамлаи Кобул рад кард


Маҳалли таркиши пурқурбонӣ дар Кобул

Бо гузашти як шабонарӯз аз ҳамла ба шаҳраки дипломатии Кобул, пойтахти Афғонистон, ки дасти кам 90 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, ягон гуруҳ масъулияти онро ба зимма нагирифтааст.

Намояндаи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид даст доштани ин ҷумбишро дар ҳамлаи мазкур қотеъона рад кард ва гуфт, ки онҳо ҳама гуна ҳамлаҳои маргборро миёни сокинони осоишта маҳкум мекунанд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, хадамоти махсус ва раёсати амнияти миллии Афғонистон бар инанд, ки ҳамларо шабакаи "Ҳаққонӣ"-и марбут ба Толибон бо кумакҳо аз Покистон анҷом додааст.

Ин фарзияро аллакай бархе аз мансабдорони пешини афғон низ баён доштанд. Покистон "ҳамлаи террористӣ"-ро маҳкум карда, ба мардуми Афғонистон ҳамдардӣ изҳор намуд.

Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ), ки қаблан дар моҳҳои Рамазон ҳамлаҳои хунини зиёде анҷом дода, соли равон масъулияти як қатор амалҳои террористиро дар Кобул ба зимма гирифт, то ҳол роҷеъ ба ин қазия изҳорот надодааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳамлаи ДИ ба беморхонаи низомии Кобул беш аз 50 кас кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG