Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мусалмонҳоро бо фарорасии моҳи Рамазон табрик гуфт


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар паёме фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба мусалмонон табрик гуфт. Дар паёми оқои Трамп, ки дар вебсайти Кохи Сафед нашр шуд, ҳамлаҳои террористӣ дар Мисру Манчестер дар остонаи Рамазон “хилофи руҳияи ин моҳ” тавсиф шудааст.

Аммо раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, “ин вазъият азми моро ба шикасти террористҳо ва идеологияи гумроҳон қавитар мекунад”.

Як рӯз пеш Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, низ дар як паёми видеоӣ сокинонро бо фарорасии Рамазон табрик кард. Дар паёме, ки рӯзи 26-уми май дар саҳифаи Фейсбук нашр шуд, Миллард аз номи сафорати Амрико дар Душанбе ба забонҳои тоҷикиву англисӣ “ҳар як нафарро бо расидани моҳи шарифи Рамазон” табрик гуфт.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ва нуқоти дигари мусалмоннишини ҷаҳон субҳи 27-уми май шурӯъ шуд ва то 26 июн идома хоҳад кард. Дар давоми 30 рӯз мусалмонон рӯзона аз истеъмоли ғизову об худдорӣ карда, бештар ба корҳои хайр хоҳанд пардохт.

XS
SM
MD
LG