Президенти ИМА Доналд Трамп дар шаҳри Сисилияи Итолиё дар ҷаласаи сарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона ё G7 ширкат мекунад, ки то 27 май идома хоҳад кард. Дар ин нишаст Трамп бояд дар масоили мисли тиҷорат ва тағйиоти иқлим изҳори назар кунад. Ҷаласаи G7 дар шаҳри фароғатии Таормина баргузор мешавад ва ин охирин бахши сафари нахустини хориҷии ӯ баъди омаданаш сари қудрат дар ИМА хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ ин сафараш, ки аз Ховари Миёнаву Аврупо иборат аст, нӯҳ рӯзро дар бар мегирад. Дар паи бобмгузории консерти Манчестер рӯзи 22 май, ки 22 кушта бар ҷой гузошт, ин нахустин мулоқоти сарони кишварҳои гурӯҳи пешрафтаи саноатӣ мебошад. Ин бобмгузориро як ҷангии исломии зодаи Либия ва бузургшуда дар Бритониё анҷом додааст.
Як дипломати баландпояи итолиёӣ гуфт, ки Трамп ва раҳбарони Бритониё, Олмон, Фаронса, Итолиё, Ҷопон ва Канада дар бисёр масъалаҳо мавқеи ҳамсон доранд, вале Вашингтон дар масоили мисли тиҷорату муҳити зист мавқеи дигар дорад. Кохи Сафед ҳам интизор дорад, ки баҳсҳо дар нишасти дурӯзаи Сисилия хеле доғ хоҳанд буд.