Ҳудуди 1000 нафар дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия дар як раҳпаймоӣ ба тарафдории ҳуқуқи ҳамҷинсгароён ширкат карданд. Раҳпаймоӣ ба нишони эътироз аз як санади вакилони мардумӣ сурат гирифт, ки ба гуфтаи ҳамҷинсгароён, ҳуқуқи онҳоро маҳдуд мекунад.
Ҳанс Клемм, сафири Амрико дар Руминия ва 30 сафири дигар дар байни онҳое буданд, ки ба тарафдории ҳамҷинсгароён ва дигар аққалиятҳои ҷинсӣ садо баланд карданд. Дар Руминия аз соли 2001, ки ҳамҷинсгароиро аз қатори ҷиноятҳо берун кард, 13 сол боз аст, раҳпаймоии ҳамҷинсгароён баргузор мешавад.
Ширкатдорони раҳпаймоӣ аз он эътироз доранд, ки пешниҳоди вакилон барои ислоҳи Қонуни асосӣ ҳуқуқи онҳоро маҳдуд мекунад. Айни замон дар қонун навишта шудааст, ки “ҷуфтҳо” метавонанд, издивоҷ кунанд, вале вакилон мехоҳанд, дар қонун издивоҷ байни зану мард навишта шавад.
Ширкатдорони раҳпаймоӣ ҳангоми гузаштан аз назди сафорати Русия бо сукут ҳамраъйии худро бо мардони ҳамҷинсгаро дар Чеченистон баён доштанд.
Порлумони Аврупо рӯзи 18-уми май аз мақомоти Чеченистон хост, ки иҷоза бидиҳанд, ки гузоришҳо дар бораи таъқибу азияти мардони ҳамҷинсгаро таҳқиқ шавад. Бино ба гузоришҳо, мақомоти интизомии Чеченистон дар моҳҳои гузашта садҳо нафар аз аққалиятҳои ҷинсиро боздошту шиканҷа кардаанд.