Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний барои табобат ба Барселона парвоз кард


Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний бо вуҷуди ҳушдори мақомот дар бораи он ки кишварро тарк накунад, аз Маскав ба Барселона ба хотири табобат парвоз кард. Дар ин бора рӯзи 7 май нашрияи “Московский комсомолетс” хабар дод. Дар бораи савори ҳавопаймо шудани Навалнию ҳамсараш инчунин наворҳои видеоии сайти Life.ru ҳам хабар дод ва гуфт, ки ин видеоҳоро корбарони вебсайт фиристодаанд. Навалний се дафъа дар мурофиаҳои додгоҳии марбут ба гӯё хилофкориҳои тиҷоратӣ иштирок карда гуфтааст, ки ҳамаи ин мурофиаҳоро Кремлин ташкил кардааст. Рӯзи 4 май ӯ гуфт, ки Хадамоти федеролии муҳоҷират ӯро даъват карда гуфтааст, ки метавонад баъди панҷ сол шиносномаашро дубора бозпас бигирад. Ӯ гуфт, ки шиноснома ба ӯ имкони сафар ба хориҷа ба хотири табобати ҷароҳати чашмашро фароҳам меорад. Дар як ҳодисаи рӯзи 27 апрел ҳамлагаре ба рӯи Навалний “зеленка” рехт. Баъди чанд соати изҳороти интернетии Навалний, вакили дифояш Вадим Кобзев гуфт, ки як мақоми низоми маҳбасҳо ба ӯ гуфтааст, ки Навалний ҳақи тарки кишвар карданро надорад. Худи сиёсатмадор гуфтааст, ки баъди ҳамла чашми росташ 85 % қувваи биноиашро аз даст додааст. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди муолиҷа чашмаш пурра барқарор мешавад.

XS
SM
MD
LG