Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Маскав беш аз cӣ нафар маҷруҳ шуданд


Дар натиҷаи сӯхтор дар бинои чиҳилтабақае дар ҷануби ғарби шаҳри Маскав беш аз 30 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Расонаҳои Русия дар ин бора рӯзи 6 май бо такя ба қавли мақомоти маҳаллӣ хабар доданд. Пизишкон гуфтаанд, ки 11 нафар барои дармон ба бемористон интиқол ёфтанд. “Дар маҷмуъ, 31 нафар, аз ҷумла шаш кӯдак, барои гирифтани кумаки тиббӣ муроҷиат карданд. Аз ин ҳисоб 11 нафар бо шумули ду кӯдак ба бемористон бурда шуданд”, - наивштаанд расонаҳо. Сӯхтор дар бинои чиҳилтабақа нисфишаби 5 май рух дода, барои хомӯш карданаш тақрибан ду соат сарф шудааст. Дар идораи ҳолатҳои фавқулодаи пойтахти Русия гуфтаанд, ки 155 нафар аз хонаҳояшон сиҳҳату саломат берун оварда шуданд. Ин ҳодиса баъди сӯхтори рӯзи 22 марти имсол дар шимоли шарқи Маскав рух дод, ки дар пайи он ду нафар ҷон бохта, 19 нафар маҷруҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG