Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед: Трамп ва Путин роҳи қатъи хушунат дар Сурияро баррасӣ карданд


Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар суҳбати телефонии рӯзи сешанбе вазъи Сурияро баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи Кохи сафед, ду раҳбар гуфтанд, ки "ранҷи мардуми Сурия аз ҳад зиёд тӯл кашид ва ҳамаи ҷонибҳо бояд барои қатъи ин хушунат тамоми талоши худро анҷом диҳанд".

"Суҳбат бисёр хуб буд, масъалаи ташкили минтақаи амн ё коҳиши ташаннуҷи авзоъро дар Сурия барои расидан ба сулҳи пойдор ва як қатор омилҳои дигар баррасӣ шуд" - омадааст дар иттилоияи Кохи сафед.

Манбаъ мегӯяд, ИМА ба гуфтугӯи сулҳи Сурия, ки рӯзҳои 3-4 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад, намоянда мефиристад. Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин корҳои муштаракро барои маҳви терроризм дар саросари Ховари Миёна муфассал муҳокима карданд.

Президентҳои Русия ва ИМА дар бораи тағйири вазъи бисёр хатарноки Куриёи Шимолӣ ҳам суҳбат доштанд. Хадамоти матбуотии Кремл низ гуфт, ки Путин ва Трамп дар гуфтугӯи телефонии рӯзи сешанбе вазъ дар ҷазираҳои Курилро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.

Путин ва Трамп аз идомаи тамосҳои телефонӣ дар оянда ҷонибдорӣ карда, онро ба нафъи мулоқоти рӯ ба рӯ дар доираи саммити "Гуруҳи бистгона" номиданд, ки қарор аст, 7-8 июл дар Ҳамбурги Олмон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG