Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА мушаки болдори байниминтақавиро озмоиш кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи гузашта Ийолоти Муттаҳида мушаки болдори байниминтақавиро озмоиш кард, ки аз пойгоҳи Ванденберги Калифорния партоб шудааст. Пештар аз ин фармондеҳии низомии ИМА гуфта буд, ки бо ин озмоиш Вашингтон мехоҳад тавони ҳаставияшро ба намоиш гузорад.

Озмоиши мушаки болдор, ки аз тавонмандии ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ низ бархурдор аст, дар пазманзари ташаннуҷи авзоъ дар Куриёи Шимолӣ сурат гирифт. Пхенян моҳи апрел омодагиашро барои боз як озмоиши ҳастаӣ хэълон кард. Дар посух ба ин гуруҳи зарбазанҳои ИМА ба нимҷазираи Куриё сафарбар шуданд.

Вашингтон мегӯяд, озмоиши ахири мушаки байниминтақавӣ ба ҳаводиси Куриёи Шимолӣ рабт надорад. ИМА то охири соли равон дар Куриёи Ҷанубӣ маҷмааи зиддимушакии худро ҷойгир хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG