Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди танқиди президент фоҳишахонаҳои Тошкандро "бастанд"


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон ҳокими ноҳияи Чилонзори кишварашро барои мавҷудияти шумори зиёди фоҳишахонаҳо ва даллахонаҳо дар ин ноҳия танбеҳ дод. Баъди танбеҳ дар қаҳвахонаҳо, клубҳои шабона ва даллахонаҳо рейд барпо шуд. Дар се рӯзи охир дар 58 иншоот - клубҳои шабона, қаҳвахонаҳо, ҳаммомҳо ва манзилҳои шахсӣ тафтиш анҷом шуда, 38 нафар бо гумони даллагӣ, фоҳишагӣ боздошт шуданд.

Боздоштшудаҳо ҷарима ва иҷборан ташхиси тиббӣ шуданд. Бархе аз соҳибони тарабхонаҳо барои роҳ додани фоҳишаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардиданд. Рӯзноманигори маҳаллӣ, Бобомурод Абдулло мегӯяд, ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд ба фоҳишахонаи пойтахт табдил шуда буд. Фоҳишаҳоро дар сари роҳҳо дидан мумкин буд. Аммо пулис ҳам бо фоҳишаҳо робита дорад, мегӯяд ин рӯзноманигор.

XS
SM
MD
LG