Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ҷасади шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро надодааст. САДО, ВИДЕО


Раъно Шоимова, ҳамсари Аслиддин, бо ду кӯдакаш. Деҳаи Шулуми ноҳияи Турсунзода, рӯзи 18 апрели 2017

Узбакистон бо гузашти се рӯз ҷасади Аслиддин Шоимов – сокини кушташудаи ноҳияи Турсунзодаро ба Тоҷикистон надодааст. Мақомоти Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин маврид бо сарҳадбонҳои узбак вориди музокирот шудаанд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 18 апрел бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳадаф маълум кардани чанд нукта аст. Аз ҷумла, чаро марзбонҳои кишвари ҳамсоя вориди мавзеъҳои Тоҷикистон шуда, шаҳрванди моро паррондаанд? Бояд мақомоти Узбакистон ин масъаларо шарҳ диҳанд ва ба ин корашон эътироф кунанд."

Вақте бародарамро парронданд, бо шикам ба замин зад ва дигар барнахест. Сарҳадбони дигар ба тарафи ман омад ва тир холӣ кард, ки дар дастам зад.
Рӯзӣ Шоимов

Сухан аз забони Рӯзӣ

Хонаводаи Аслиддин Шоимов мегӯянд, марзбонҳои Узбакистон баъд аз зуҳри 15 апрел ӯро дар минтақаи сарҳадии "Ахбара" парронда ва сипас ҷасадашро бо худ бурдаанд. Рӯзӣ Шоимов, бародари Аслиддин, ки шоҳиди ин ҳодиса буда ва ба иддаои худаш аз тири марзбонҳои Узбакистон аз дасту пояш ҷароҳат бардоштааст, гуфт, ҳодиса дар ҳудуди Тоҷикистон рух додааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аммо як рӯз пеш Кумитаи марзбонии Узбакистон гуфт, Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба марзбонони узбакистонӣ тир хӯрда, кушта шудааст.

Рӯзӣ Шоимов
Рӯзӣ Шоимов

Рӯзӣ Шоимов, ки феълан дар бемористони шаҳри Турсунзода хобидааст, 18 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо гови сокинони маҳалларо мечарондем. Марзбонҳои ҳамсоя тақрибан 500 метр ба сарҳади мо даромаданд. Вақте бародарамро парронданд, бо шикам ба замин зад ва дигар барнахест. Сарҳадбони дигар ба тарафи ман омад ва тир холӣ кард, ки дар дастам зад. Аз тарси инки дар баданам напарронад, аз гардани сарҳадбон гирифта, мехостам ба замин хобонам, аммо вай як тири дигар дар поям зад. Ман молҳоро гузошта, фирор кардам. Вақте падарам ба чарогоҳ рафт, аз зиндаву мурдаи Аслиддин дарак набуд”.

“Касе аз марзбонҳои тоҷик набуд”

Абдуҷаббор Шоимов
Абдуҷаббор Шоимов

Рӯзӣ мегӯяд, ҳангоме ки ин ҳодиса рух дод, касе аз марзбонони тоҷик дар ҷойи ҳодиса набуд ва танҳо ба бемористон ба наздаш омадаанд. Дар ҳамин ҳол, намояндагони Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Абдуҷаббор Шоимов, падари Аслиддин ва Рӯзиро даъват карда, гуфтаанд, ки рӯзҳои наздик ҷасади фарзанди хонаводаро бармегардонанд.

Абдуҷаббор Шоимов гуфт, “ман дар ҳеч куҷо кор намекунам. Мо фақат бо пуле зиндагӣ доштем, ки Аслиддин ҳамроҳи бародараш говҳои деҳаро ба чаро бурда, дар иваз аз мардум мегирифтанд. Ин чанд руз маҷбур шудем, хоҳарашро ба “Ахбара” фиристем”.

Қисми низомӣ дар канори Шулум

Дар канори деҳаи Шулум, зодгоҳи Аслиддин Шоимов, қисми ҳарбии “0104” – и Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ аст. Вақте ба ин қисми ҳарбӣ рафтем, як афсар бидуни муаррифии худ гуфт, ки “дар лаҳзаи вуқӯи ҳодиса сарҳадбонони тоҷик дар онҷо набуданд”. Ба гуфтаи ин афсар, дар ҳамон лаҳза онҳо сарбозони назоратии худро иваз мекарданд ва баъди огоҳӣ ба ҷои ҳодиса расидаанд.

Зимнан, деҳаи Шулуми Турсунзода дар 3-киломерии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон қарор дорад ва сокинони он аслан узбактаборанд ва ба чорводорӣ машғуланд. Ба иттилои ҳамсари Аслиддин – Раъно Шоимова, аз ҷавони кушташуда ду фарзанд боқӣ монда ва ин хонавода намедонанд, минбаъд зиндагиашонро чӣ гуна пеш баранд.

Раъно Шоимова
Раъно Шоимова

Бо ин ҳам дархости хонавода аз мақомоти Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли ҳозир ин аст, ки ҳарчӣ зудтар ҷасади Аслиддин Шоимов баргардонда ва дар зодгоҳаш ба хок супурда шавад.

Беш аз 1100 километр марзи муштарак

Тоҷикистону Узбакистон бештар аз 1100 километр марз доранд ва сарҳади байни ду кишвар дар самти Турсунзода, аксаран таъйину аломатгузорӣ шудааст. Ҷанҷол дар марзи ду кишвар дар гузашта дида шудааст, вале моҷарои нав дар замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин беҳтар шудааст.

Деҳаи Шулуми ноҳияи Турсунзода
Деҳаи Шулуми ноҳияи Турсунзода

Муноқиша ҳам дар марз ду рӯз пеш аз ифтитоҳи нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Душанбе сурат гирифт. Айни замон даҳҳо тоҷир ва корхонаҳои саноатии кишвари ҳамсоя молу маҳсулоти худро дар пойтахти Тоҷикистон ба намоишу фурӯш гузоштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG