Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 8 ҷангҷӯи тоҷик дар амалиёти Афғонистон


Нишонии Вазорати дифои Афғонистон
Нишонии Вазорати дифои Афғонистон

Дар пайи амалиёти заминӣ ва ҳавоии нирӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар вилоятҳои Кундузу Нангарҳор ва Ғазнӣ дар як рӯзи охир ҳашт ҷангҷӯи тоҷик кушта шудаанд. Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 8 апрел бо нашри хабарномаи расмӣ гуфт, дар пайи ин амалиёт Мулло Асадулло Мазлумёр, муовини волии номниҳоди Толибон дар Кундуз, 18 узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” низ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои манбаъ, 6 ҷангҷӯи дигар захмӣ шуда, феълан дар боздоштанд. Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ҳамин тавр, чанд лонаи террористонро ҳам аз байн бурдаанд. Толибони мусаллаҳ ва гурӯҳҳои дигар то ҳанӯз дар ин маврид чизе нагуфтаанд. Дар гузашта низ аз боздошту ҳалокати ҷангҷӯёни тоҷик дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон гузориш шуда буд. Аз ҷумла, моҳи январи имсол волӣ ё раиси вилояти Зобули Афғонистон расман гуфт, ки дар миёни ҷангҷӯёни хориҷии вобаста ба гурӯҳҳои тундрав дар ҳудуди ин вилоят, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳам ҳастанд.

XS
SM
MD
LG