Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Муноқишаро марзбонони узбек барангехтанд" САДО


Чанде пеш корвони кӯмакҳои башарии Узбакистон аз гузаргоҳи Дӯстӣ дар Турсунзода ба Тоҷикистон ворид шуд
Чанде пеш корвони кӯмакҳои башарии Узбакистон аз гузаргоҳи Дӯстӣ дар Турсунзода ба Тоҷикистон ворид шуд

Марзбонони тоҷик иддаои марзбонони Узбакистонро рад карданд, ки мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми убури ғайриқонунии марз куштанд.

Марзбонони тоҷик иддаои марзбонони Узбакистонро рад карданд, ки мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми убури ғайриқонунии марз куштанд. Раёсати марзбонӣ дар Кумитаи амнияти миллӣ бо ирсоли баёнияе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ гуноҳе надорад ва бо айби сарҳадбонони Узбакистон кушта шудааст.

Ҳодиса рӯзи 15-уми апрел дар наздикии рустои Шулум дар ноҳияи Турсунзода ба вуқӯъ пайвастааст ва як шаҳрванди дигари Тоҷикистон захм бардоштааст. Дар баёния омадааст, ки марзбонони Узбекистон бар хилофи тамоми меъёрҳои башарии байналмилалӣ шаҳрванди маҷрӯҳи Тоҷикистонро дар ҷойи ҳодиса гузошта рафтаанд ва рафтори марзбонони кишвари ҳамсоя “нақзи мусаллаҳонаи сарҳади Тоҷикистон аст”

Аз ин пештар Кумитаи марзбонии Узбекистон гуфт, ки Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба марзбонони узбекистонӣ тир хурда кушта шудааст.

Вақте онҳо гуфтаанд, ки инҷо қаламрави Тоҷикистон аст ва онҳо ба сардори минтақаи марзӣ хабар медиҳанд, яке аз сарҳадбонон ба хашм омада ва гуфтааст, ки “ҳоло ман ба шумо нишон медиҳам.”

Ба гуфтаи марзбонони Узбакистон рӯзи 15-уми апрел се шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чаронидани чорво дар назди рустои Қуруқсойи Узбакистон марзро убур кардаанд ва бо “сарҳадбонон даъво кардаанд, ки чарогоҳ дар қаламрави Тоҷикистон аст” ва сипас ба сари онҳо калтаку корд кашидаанд.

Дар посух ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, марзбонон маҷбур шудаанд, ки барои ҳимояти худ ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир андозанд.

Аммо дар баёнияи Раёсати марзбонии Тоҷикистон тамоми ин иддаоҳо рад шудааст.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳодиса дар чарогоҳ дар дохили Тоҷикистон соати 17:30 сурат гирифтааст. “Дар ин вақт, ду марзбони узбек то 100 метр ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ва подабонҳои тоҷикро дастгир кардаанд. Вақте онҳо гуфтаанд, ки инҷо қаламрави Тоҷикистон аст ва онҳо ба сардори минтақаи марзӣ хабар медиҳанд, яке аз сарҳадбонон ба хашм омада ва гуфтааст, ки “ҳоло ман ба шумо нишон медиҳам.”

Мақомот: "Муноқишаро марзбонони узбек барангехтанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим

Баъди ин ба гуфтаи раёсат, сарҳадбони узбек аз дурии 3 метр ба самти шаҳрвандони Тоҷикистон тир андохтааст ва Аслиддин Шоимовро куштааст. Бародари ӯ аз дасту пояш тир хӯрда ва зинда мондааст. Ба қавли раёсат ба қаламрави Узбекистон бурдани ҷасади Аслиддин Шоимов ва раҳо кардани ду нафари дигар бо ҳадафи пинҳон кардани “амалкарди ғайриқонунии” марзбонони кишвари ҳамсоя будааст.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ин баёния мегӯянд, зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бурдан ба қаламрави Узбекистон зинда буд, зеро ҳамтоёни узбекашон наметавонистанд, чунин зуд ному насаби қурбониро маълум кунанд.

Раёсати марзбонӣ мегӯяд, посбонони сарҳад аз кишвари ҳамсоя бар хилофи меъёрҳои байналмилал, созишномаҳои дутарафа ва тавофуқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Узбекистон дар бораи ҳифзи дӯстиву бародарӣ амал кардаанд. Гурӯҳи марзбонии Узбекистон барои таҳқиқи қазия рӯзи 17-уми апрел ба маҳалли ҳодиса омадааст.

Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 1100 километр марз доранд ва сарҳади байни ду кишвар дар самти Турсунзода, аксаран таъйину аломатгузорӣ шудааст. Ҷанҷол дар марзи ду кишвар дар гузашта дида шудааст, вале моҷарои нав дар замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки муносиботи Тоҷикистону Узбекистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин беҳтар шудааст.

Муноқиша ҳам дар марз ду рӯз пеш аз ифтитоҳи нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Душанбе сурат гирифт. Айни замон даҳҳо тоҷир ва корхонаҳои саноатии кишвари ҳамсоя молу маҳсулоти худро дар пойтахти Тоҷикистон ба намоишу фурӯш гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG