Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон гуфт, ки Ғарбро аз гумонбари ҳамлаи Стокҳолм ҳушдор дода буд


Раҳмат Оқилов, гумонбари ҳамлаи Стокҳолм
Раҳмат Оқилов, гумонбари ҳамлаи Стокҳолм

Мақомоти Узбакистон мегӯянд, хадамоти махсуси ин кишвар дар бораи Раҳмат Оқилов, масъули ҳамлаи маргбори Стокҳолм, қабл аз ин ҳодиса ба Ғарб маълумот дода буд.

Оқилови 39-сола дар заминаи иттиҳоми бо мошин пахш кардани тӯдаи одамон дар кӯчаи пиёдагард дар боздошт қарор дорад. Дар ин ҳодиса чаҳор нафар кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд.

Вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов рӯзи 14 апрел гуфт, ки Оқилов баъди берун шуданаш аз кишвар дар соли 2014 ва зиндагӣ дар Шветсия ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваст.

"Бино ба маълумоти мо, ӯ ҳамватанҳояшро фаъолона ба сафари Сурия ва ҷанг дар тарафи ДИИШ даъват мекард", - гуфт Комилов ба хабарнигорон. Вай афзд, ки Оқилов аз хадамоти паёмрасонии Интернет истифода мебурд.

"Пештар, қабл аз ҳамла, мо ба хадамоти махсуси яке аз шарикони ғарбиамон дар бораи амалҳои ҷиноии Оқилов маълумот додем, то ҷониби Шветсия огоҳ бошад", - гуфт вазири умури хориҷии Узбакистон бидуни ном бурдан аз кишвар ё созмони миёнрав.

Як манбаи беном дар хадамоти амниятии Узбакистон ҳафтаи равон гуфт, ки Раҳмат Оқилов соли 2015 барои пайвастан бо ДИИШ талош кард, аммо дар марзи Туркия бо Сурия боздошт ва ба Шветсия "депорт" шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти Узбакистон моҳи феврали имсол Раҳмат Оқиловро бо иттиҳоми тундгароии мазҳабӣ дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

XS
SM
MD
LG