Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистону Русия рӯзи 10 апрел идома мекунад


Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бар сари мушкили парвози ҳавопаймоҳои ду кишвар рӯзи 10 апрел низ дар Маскав идома хоҳад кард. Қаблан эълон шуда буд, ки натиҷаи музокирот рӯзи шанбе маълум мешавад. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "натиҷаи музокирот пас аз анҷоми нишаст эълон мешавад. Ҳоло ҷонибҳо масъалаҳоро миёни ҳам баррасӣ доранд. Қарор аст, гуфтугӯ рӯзи душанбе ба поён бирасад."

Тоҷикистону Русия беш аз се моҳ боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. То кунун чанд даври музокирот дар Душанбеву Маскав баргузор шуда, зоҳиран ҷонибҳо натавонистаанд дар ин маврид ба натиҷаи мусбат бирасанд.

Тарафи Русия мехоҳад, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад. Дар пайи забон наёфтанҳо Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кардааст.

Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта расман ҳушдор дод, ки ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Ба дунбол Маскав ҳайати Тоҷикистонро ба музокирот хонд ва ҳоло рӯзи 10 апрел маълум мешавад, ки оё ду тараф мушкилро чигуна ҳал кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ва се ширкати Русия ба минтақаҳои ду кишвар парвоз анҷом медиҳанд.​

XS
SM
MD
LG