Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондону Париж ба қабули қатъномаи СММ пофишорӣ мекунанд


Маросими хоксупории қурбониёни ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар Сурия
Маросими хоксупории қурбониёни ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар Сурия

Бритониё ва Фаронса гуфтанд, ки ба қабули қатъномаи маҳкумкунандаи куштори даҳҳо мулкӣ дар шимоли Сурия, ки ба эҳтимоли ғолиб дар натиҷаи истифодаи силоҳҳои кимиёӣ рух додааст, пофишорӣ хоҳанд кард. Вазири хориҷаи Бритониё Борис Ҷонсон дар изҳороте рӯзи 6 апрел гуфт, ғайри қобили фаҳм аст вақте касе иқдоми маҳкумкунандаи ҷиноятеро, ки режим роҳ додааст, дастгирӣ накунад. Вазири хориҷаи Фаронса Жан Марк Эро дар сӯҳбат бо телевизони CNews гуфт, ки қабули қатъномаи нав бояд дар бартарияти аввал қарор бигирад.

Вай гуфт, ки Фаронса бо шариконаш, ба хусус бо Русия ин мавзӯъро дар миён мегузорад. Изҳороти Ҷонсон ва Эро дар ҳоле нашр шуд, ки рӯзи 5 апрел Русия тарҳи қатъномаи таҳиякардаи ИМА, Бритониё ва Фаронсаро рад кард. Дар ин матн маҳкумияти шадиди ҷомеаи байналмилалӣ аз истифодаи силоҳи кимиёӣ ба ҳангоми бомбаборони шаҳраки Хон Шайхуни Сурия баён шудааст, ки сабаби марги 86 нафар шудааст. Сурияву Русия ин иттиҳомотро рад карда гуфтаанд, ки вақти бомбаборони макони шӯришиён як корхонаи силоҳҳои ҳастаӣ мавриди ҳадаф қарор гирифта боиси кушта шудани одамон шудааст.

XS
SM
MD
LG