Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷароҳати се низомии амрикоӣ дар паи оташи сарбози афғон


Ҳайати нирӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфт, ки дар як ҳамлаи сарбози афғон се низомии амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд. Ин аввалин ҳодисаи ҳамла дар дохили ҳайати эътилоф аст, ки соли ҷорӣ рух додааст. Сухангӯи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи 19 март дар пойгоҳи низомии вилояти Ҳилманд рух дод. Сарбози ҳамлагар кушта шуд”. Баъди дар соли 2014 тарки Афғонистон кардани аксар низомиёни хориҷии узви эътилофи байналмилалӣ, ҳодисаҳои ҳамлаҳои дохилии сарбозони афғон ба низомиёни хориҷӣ ҳам коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG