Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Каррубӣ зиндонӣ шуд


Ҳусейн ва Меҳдии Каррубӣ
Ҳусейн ва Меҳдии Каррубӣ

Писари раҳбари мухолифин дар Эрон барои таблиғоти зидди давлатӣ ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора рӯзи 13 март аъзои оила ва матбуоти давлатии Эрон хабар дод. Мақомоти Эрон Ҳусейни Каррубӣ, писари раҳбари мухолифин ва ҳам раиси собиқи маҷлис Меҳдии Каррубиро барои он гунаҳгор карданд, ки номаи як сол пеши падараш ба унвонии президент Ҳасани Рӯҳониро пахш кардааст. Дар матни ин нома аз президент тақозо шудааст, ки баъди солҳо ҳабси хонагӣ қазияи Каррубӣ дар як муҳокимаи бози додгоҳӣ баррасӣ шавад.

Меҳдии Каррубии 78-сола соли 2009 ҳамроҳ бо Мирҳусайни Мусавӣ, намояндаи ислоҳотхоҳон дар интихоботи президентӣ номзад буд. Онҳо пирӯзии Аҳмадинажодро “сохтакорӣ” ва “тақаллуб” номида мардумро барои эътироз аз натиҷаҳои интихобот ба хиёбонҳо бароварданд. Эътирозҳо чандин ҳафта саросари Эронро пахш кард.

Барои саркӯби эътироз, мақомот ба ислоҳотхоҳон ҳамла карда, раҳбарони мухолифонро соли 2011 ба ҳабси хонагӣ маҳкум карданд. Мақомоти адлия Мусавӣ ва Каррубиро дар иғво ва хиёнат айбдор карданд. Рӯҳонӣ ва тарафдоронаш соли 2013 дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ваъда доданд, ки ин дуро аз ҳабси хонагӣ раҳо хоҳанд кард, вале дар давоми чор соли гузашта кам андар кам ба ин мавзӯъ муроҷиат кардаанд. Раҳбарони мухолифин ҳамоно таҳти назорати амниятӣ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG