Пайвандҳои дастрасӣ

FBI робитаи намояндагони Трамп бо хадамоти махсуси Русияро ба чолиш накашид


ИМА - Президент Трамп раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳур Райнс Прибусро бо тайинаш ба ин мақом табрик кард. 22 январи соли 2017.

Бюрои федеролии таҳқиқоти Ийолоти Муттаҳида аз такзиби мақолаи New York Times, дар робита ба тамосҳои намояндагони Доналд Трамп бо хадамоти махсуси Русия канораҷӯӣ кард. Дар ин бора матбуоти Амрико хабар дод. Чанд рӯз пеш Райнс Прибус, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳур бо дархости радди ин хабарҳо ба Бюрои федеролии таҳқиқот муроҷиат карда буд.

Мақолаи New York Times аз 14 феврал, дар бораи робитаҳои намояндагони Трамп бо истихбороти Русия, дар заминаи тасдиқи манобеи маҳрамонаи Бюрои федеролии таҳқиқот таҳия шуд. Ба гуфтаи нашрия, истихбороти Амрико гуфтугӯи намояндагони ситоди Трампро бо мақомоти аршади истихбороти Русия ва мақомдорони дигари ин кишвар дастрас кардааст.

Хабаргузории Associated Press ва шабакаи телевизионии CNN хабар доданд, ки Прибус баъди он ки муфаттишон ҳақиқати мақолаи New York Times-ро зери суол бураданд, аз Бюрои федеролии таҳқиқот дархост кард, ки хабарро рад кунад.

19 феврал Райнс Прибус дар шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки дар посух ба дархости ӯ FBI маълумоти мақолаи New York Times-ро ғайри қобили эътимод хонд. Аммо Бюрои федеролии таҳқиқот аз пахши изҳороти расмӣ этимолан бинобар идомаи бозҷӯӣ даст кашидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG