Пайвандҳои дастрасӣ

Убайдуллоев: Чаро худи мо дар иҷрои қонунҳо намунаи ибрат нашавем? ВИДЕО


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, хитоб ба аъзои палатаи болоии порлумон гуфт, баъзе аз қонунҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим доранд, ба таври пурра иҷро намешаванд.​Убайдуллоев, ки рӯзи 16 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ сӯҳбат мекард, ба унвони мисол аз қонунҳои "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", ном бурд, ки ба қавли ӯ "мутаассифона, кор намекунанд".

Ба гуфтаи вай, аз замони қабули қонуни "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" даҳ сол мегузарад, вале он интизориҳое, ки президент ва аҳли ҷомеа аз ин санади ҳуқуқӣ доштанд, ба пуррагӣ ба даст наомадааст. Убайдуллоев гуфт, бояд таҳлил шавад, ки чаро ин санад ба таври пурра иҷро намешавад?

"Биёед, аз худамон сар кунем. Чаро мо намунаи ибрат намешавем? Боз ҳамон маъракаҳои пурдабдаба ва боз мошинҳои зиёд. Биёед, ҳамин рӯз дар назди виҷдони худ қасам ёд кунем, ки барои иҷрои ин қонун ҳаракат мекунем. Ҳама мехоҳем сатҳи зиндагиамон баланд шавад ва шумораи аҳолии фақир камтар шавад. Пас, чаро сарфаҷӯӣ намекунем? Масалан, падару модар ба фарзанд пул медиҳаду вай дар интернет-кафе ба ким-чи корҳо машғул мешавад. Чаро ба ин оила таъсир намерасонем? Дар инҷо ҳамаи мо гунаҳкор ҳастем. Ақаллан мо - мақомоти қонунгузор, ки ин қонунҳоро қабул кардем, онро рият кунем", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, оилаҳое, ки ин қонунҳоро риоя карданд, пули зиёдро сарфа карда ва фарзандони худро барои таҳсил ба хориҷа фиристоданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо кард, ки назоратро дар роҳи иҷрои қонунҳои "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" пурзӯр кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG