Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" қаламравҳо, манобеи молӣ ва тавони ҷалби ҷангиҳои нав ба сафи худро аз даст медиҳад, омадааст дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид. Дар ин гузориш, ки идораи Дабири кулли СММ Антониуу Гутерриша рӯзи 6 феврал пахш кард, гуфта мешавад, тундравон дар муқобили бохтҳои худ дар майдонҳои ҷанг, имкон дорад ба қаламрави давлатҳои ғарбӣ зарба зананд.
Муаллифони гузориш таваҷҷӯҳро ба ин ҷалб мекунанд, ки гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар муқобили фишори рӯзафзӯн аз чанд тараф қарор дорад. Артиши Ироқ дар самти Мосул пешрафт мекунад, нерӯҳои ҳукумати Асад ва шибҳанизомиёни курд мавқеи ДИИШ-ро дар Сурия танг кардаанд.
Дар гузориши СММ таъкид мешавад, ки вазъи молии ДИИШ хароб шудааст ва онҳо маҷбуранд бо "буҷаи бӯҳронӣ фаъолият кунанд. Сатҳи фурӯши ғайриқонунии нафт, ки аз қаламрави Сурия ба даст меояд, соли гузашта аз 500 миллиони соли 2015 ба 250 миллион коҳиш ёфт.