Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Тоҷикистон чӣ созишномаро имзо мекунад?


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст. Дар ҳоле ки таърихи дақиқи боздиди президенти Русия аз Тоҷикистон маълум нест, мақомоти тоҷику рус ин сафарро аз ҳоло "барои ҳамкориҳои ду кишвар муҳим" арзёбӣ мекунанд. Дар остонаи ин сафар гуфтумонҳое дар бораи эҳтимоли мувофиқати Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба гӯш мерасад.

Созишномаи тақвияти ҳамкориҳо

Баъди ду соли узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё сарвазири Қирғизистон дар Маскав аз шароити фаъолияти он интиқод кард.

Вале Неъматулло Ҳикматуллозода – вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон – рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳоло роҷеъ ба ин масъала сӯҳбат кардан барвақт аст. Ба қавли ӯ, созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон бояд имзо шаванд, "асосан барои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе аз минтақаҳои бузурги Русия нигаронда шудаанд."

Неъматулло Ҳикматуллозода
Неъматулло Ҳикматуллозода

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳарчанд Тоҷикистон мустақим наметавонад даъвати Русияро барои шомил шудан ба иттиҳоди иқтисодии зери назари Кремл рад кунад, аммо масъаларо бо баҳонаи омӯзиш, аз ҷумла аз худ кардани таҷрубаи Қирғизистон, тӯл медиҳад. Хурсанд Хуррамов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Русия, рӯзи 31 январ гуфт, "вале ҷараёни пайвастшавии Қирғизистон ба ин иттиҳод бо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ тавъам омад. Пули миллии Қирғизистон қурби худро аз даст дод. Дар маҷмӯъ, пас аз ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё модели иҷтимоӣ-иқтисодии Қирғизистон, ки бар пояи моли воридотии Чину Туркия асос ёфта буд, халалдор шуд."

Таҷрубаи Қирғизистону Арманистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ таъкид кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи пайваст шудани Қирғизистон ва Арманистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мушоҳида мекунад. “Мо омӯзиши худро дар заминаи ширкати ин кишварҳо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё васеъ кардем”, - таъкид кард ӯ.

Баҳси вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе. Моҳи ноябри соли 2016
Баҳси вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе. Моҳи ноябри соли 2016

Созмони иқтисодие, ки аз оғози соли 2015 ба кор шурӯъ кард, ба узвияташ то кунун дар баробари Русия – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил шудаанд, ҳаракати озоди молу тиҷорат, пул ва нерӯи кориро дар қаламрави ин кишварҳо дар назар мегирад. Русия се соли охир пофишорӣ дорад, ки Тоҷикистон ҳам ба ин созмон шомил шавад, вале мақомоти ин кишвар бо ваъдаи онки ин мавзӯъ ҳамаҷониба омӯхта мешавад, ҳанӯз изҳори омодагӣ накардаанд, ки вориди ин созмон шаванд.

Интиқод баъди якуним соли узвият

Баъди ду соли узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё сарвазири Қирғизистон дар Маскав аз шароити фаъолияти он интиқод кард ва гуфт, ки бо вуҷуди гузашти якуним сол аз узвияти кишвараш дар Иттиҳоди АвруОсиё, ҳамсояи наздикаш Қазоқистон дар интиқоли меваву сабзаҷот монеа эҷод карда, ҳамоно назорати бойториро нисбат ба молҳои ин кишвар дар марзаш ҳифз кардааст.

Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири Қирғизистон дар ин изҳороташ моҳи ноябри соли 2016 аз ҷумла гуфта буд, танҳо дар моҳи октябр 500 тонна меваву сабзавоти Қирғизистон аз марзи Қазоқистон баргардонда шуда, дар 330 тоннаи он гӯё бактерияҳои хатарнок ошкор шудааст. Мушкиле мисли ин, ба гуфтаи ӯ, дар бархе сарҳадҳои Русия ҳам ошкор шудааст.

Тоҷикистон аз Русия чӣ хоҳад хост?

Аммо бархе аз таҳлилгарон дар Тоҷикистон гуфтанд, бо инки ба эҳтимоли ғолиб Душанбе ба узвияти ин созмон розӣ мешавад, баҳонаи ба дарозо кашида шудани баҳс далели дигар дорад. Як далел ин буда метавонад, ки Тоҷикистон мехоҳад бар ивази узвият дар ин созмон муомилаҳое ба роҳ монад, то ба манфиати кишвар анҷомад. Нуралӣ Давлат, таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт, "Русия дар замони тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201 барои артиши Тоҷикистон силоҳ ваъда карда буд. Шояд ҷониби Тоҷикистон дар бархе аз масъалаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ низ шартҳое гузорад."

Игор Шувалов
Игор Шувалов

Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон ҳафтаи гузашта Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод ва гуфт, “мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.”

Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон омада буд. Вай дар ин нишаст гуфта буд, ки “Тоҷикистон чун шарики стратегӣ метавонад ба кумаки Русия умед бандад”. Тоҷикистону Русия 25 сол боз равобити дипломатӣ доранд.

XS
SM
MD
LG