Пайвандҳои дастрасӣ

Иззат Амон: “Вазъи ноноварон бад буд, бадтар шудааст”


Иззат Амон

Иззат Амон, вакили дифои “Адвокатское Бюро” дар Маскав – пойтахти Русия – мегӯяд, дар як соли гузашта вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар "бадтар шуда" ва бархӯрди мақомот низ ба таври манфӣ тағйир кардааст. Ӯ рӯзи 23 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соли гузашта ихроҷи зиёди муҳоҷирон мушоҳида шуд ва додгоҳҳои Русия далелҳои ҳимоят аз шаҳрвандони Тоҷикистонро низ кам ба назари эътибор гирифтанд.

Пеш аз ҳама, фишор болои Тоҷикистон барои ворид шудани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.

Иззат Амон: “Дар як соли охир вазъи будубоши муҳоҷирон дар Русия бадтар шудааст. Инро на танҳо ман, балки ҳуқуқдонҳои Русия ва омори расмӣ ҳам мегӯянд. Ва эҳтимол имсол вазъ чандон тағйир накунад. Чун иқтисоди Русия ҳам иҷоза намедиҳад, ки муҳоҷирон мисли гузашта дар инҷо хуб кор кунанд. Ҳанӯз ҳам бӯҳрон ҳукмфармост ва кор барои шаҳрвандони Русия намерасад. Барои ҳамин, ниҳодҳои давлатӣ бо баҳонаи ҳимоят аз ҳаққи шаҳрвандони Русия коре мекунанд, ки саффи муҳоҷирон камтар шавад.”

Радиои Озодӣ: Ин кор дар сатҳҳои поёнӣ сурат мегирад ё сатҳҳои болоии Русия низ диди хубе ба муҳоҷирон, бахусус тоҷикҳо, надоранд?

Иззат Амон: “Ҳокимони Русия худро як гурӯҳи бадбин нисбат ба муҳоҷирон нишон додаанд. Ҳар рӯз дар тамоми расонаҳои Русия аз муҳоҷирон чеҳраи бад метарошанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳамавақт муҳоҷирон бо худ проблема меоранд. Аммо як чизро намефаҳманд, ки муҳоҷирони мо дар Русия аз муҳоҷирони кишварҳои дигар дар Аврупо фарқ доранд. Муҳоҷирони мо дар Русия одамони тақрибан худӣ ҳастанд, вазъро медонанд, бо менталитет ошноянд. Баъдан ягона омили фишор дар дасти ниҳодҳои давлатӣ ва бахусус Кремлин ҳамин муҳоҷирон ҳастанд. Яъне, тавассути ҳамин гурӯҳи осебпазир Русия мехоҳад ба хостҳояш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бирасад.”

Радиои Озодӣ: Зоҳиран Русия ба ҳар хостҳое доштааст, дар Тоҷикистон расидааст. Ё фикр мекунед, дар соли гузашта ва имсол чӣ мероси тақсимнашудае миёни Маскаву Душанбе мондааст, ки бояд Кремлин бигирад?

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон: “Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки пеш аз ҳама, фишор болои Тоҷикистон барои ворид шудани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Тоҷикистон дар навбати худ дар ин тасмимгирӣ шитобзада нест. Чун мегӯянд, шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмони иқтисодӣ ба манфиати кишвар нест ва ин рафтори мақомоти мо дар ин маврид баҷо аст. Вале вазъи муҳоҷирон дар инҷо хеле бад хоҳад шуд. Кремлин хуб медонад, ки ҳар боре фишор зиёд мешавад ва муҳоҷирони зиёд ихроҷ мешаванд, албатта, ҳукумати Тоҷикистон як ист мекунад ва фикр мекунад. Чун бозгашти зиёди муҳоҷирон аз инҷо ба ватан ба манфиати мақомот нест.”

Радиои Озодӣ: Аммо худи муҳоҷирон чӣ мегӯянд? Барои ҳаққи худ чӣ талош мекунанд? Оё аз Шумо ҳам дар ин замина расман кумаки ҳуқуқӣ мехоҳанд?

Иззат Амон: “Созмони ҳуқуқии мо ҳамарӯза чандин шикояту муроҷиати муҳоҷиронро қабул мекунад ва худамон ба даҳҳо занги телефон ҷавоб мегӯем. Ҳамаи ин афрод мушкил доранд, дард доранд. Яке зиндонӣ шудааст, яке ихроҷ шудааст, яке дар банд афтодааст. Беш аз 90 дарсади парвандаҳои муҳоҷирон, ки бо онҳо машғул будем ва ё машғул ҳастем, бофтаанд, яъне асоси қонунӣ надоранд. Баъзе аз ин парвандаҳоро дар додгоҳ исбот мекунем, ки бофтаанд. Вале ба баъзе парвандаҳо аслан зинаҳои болоии додгоҳ таваҷҷуҳ намекунанд.Вақте зинаҳои болоии додгоҳ посух намедиҳанд, бояд ба куҷо фарёдро расонд? Барои ҳамин, мегӯям, ки вазъи ноноварони мо бад буд, бадтар шудааст.”

Яке зиндонӣ шудааст, яке ихроҷ шудааст, яке дар банд афтодааст.

Радиои Озодӣ: Нагуфтед, ки худи муҳоҷирон аз чӣ шикоят доранд? Яъне, мақомоти пулис, додситонӣ ва ё додгоҳ чаро онҳоро азият мекунанд? Инҳо қоидаи будубошро риоят накардаанд, санад надоранд, муҳлати будубошашон гузаштааст ё чизи дигар?

Иззат Амон: “Бо онки як шаҳрванди Тоҷикистон патент дорад, пул месупорад, андоз месупорад, тамоми қонунро риоят мекунад, аз ҷониби корманди вазорати умури дохилӣ, ниҳоди масъули муҳоҷират, дастгир мешавад. Новобаста аз онки тамоми ҳуҷҷатҳоро дорад, дар ғайбаш ҳукми ихроҷаш хонда мешавад. Кам иттифоқ меафтад, ки ба гапи муҳоҷир гӯш диҳанд ё далелашро ба назар гиранд. Шаҳрвандони мо аксарият дар ин кишвар қонунӣ зиндагӣ мекунанд, бовар кунед. Онҳо аз пеш медонанд, ки бидуни ҳуҷҷат ба дарди сар гирифтор хоҳанд шуд. Ҳатман барои худ санад мегиранд. Вале дар сурати нахостани мақомот, ин санадҳо ба кор намеоянд. Барои мисол, ҳамин рӯз як гурӯҳи муҳоҷирон ба назди мо омаданд. Онҳо гуфтанд, як муҳоҷири тоҷик, ки ронандаи таксӣ будааст, кадом ҳуҷҷати худро дар хона фаромӯш кардааст. Пулис аз ӯ ба хотири онки ихроҷ нашавад, бист ҳазор рубл талаб мекунад ва ӯ тавассути наздиконаш ин миқдор пулро ба пулис мерасонад. Вале ҳоло дар боздошт аст, чун пулис ӯро барои додани ришва муттаҳам мекунад. Ин болои сӯхта намакоб аст. Бо ин иттиҳом як ё якуним соли зиндон таҳдид мекунад.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло созмоне, ки Шумо кор мекунед ва ё худатон дар ҳоли ҳозир чӣ қадар парвандаи муҳоҷирони тоҷикро дар даст доред?

Иззат Амон: “Ҳоло дар додгоҳҳои Русия 42 парванда дорем. Танҳо дар Маскав не, дар гӯшаҳои дигари Русия ҳам ҳаст. Дар минтақаҳои дигар ҳам вазъ аз Маскав фарқ намекунад. Нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ – тоҷикон, узбакҳо ва қирғизҳо муносибат яксон аст. Яъне, инки инҳо хориҷӣ ҳастанд ва бояд ихроҷ шаванд. Дар Русия чунин меандешанд.”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки баъзе аз парвандаи муҳоҷирон сохтаву бофта аст. Чунин парвандаҳо чӣ гуна ба нафъи даъвогаронаш ҳал мешавад? Магар додгоҳҳо масъалаҳоро амиқ намебинанд?

Иззат Амон: “Дар Русия ин кор хеле содда аст. Чор моҳ пеш як гурӯҳи муҳоҷирони мо натавониста буданд пули кори кардаашонро аз корфармо бигиранд. Чанд вақт телефон карданд ва ӯ ҳамеша мегурехт. Як рӯз муҳоҷирони мо ӯро дар кӯча дида ва ба ҷои корашон бурдаанд ва якҷоя ғизо хӯрдаанд. Ӯ гуфтааст, ки пул дар хона аст ва бояд рафта аз онҷо бигиранд. Ҳангоме муҳоҷирон ба хонаи ӯ мераванд, дар онҷо пулис истодааст ва ҳоло ин шаш муҳоҷири мо барои одамрабоӣ муттаҳам мешаванд. Яъне, кор карданд, пулашонро гирифта натавонистанд, вале вақте ҳаққи худро хостанд, ба дуздидани корфармояшон муттаҳам шуданд. Якеи онҳо бобои Абдуҷамил аз шаҳри Панҷакент 60-сола аст. Чор моҳ боз дар боздоштгоҳ нишастааст. Магар инро мешавад парвандаи воқеӣ гуфт? Муҳоҷири оддие, ки бо ҳарос дар Русия мегардад, одамрабоӣ мекунад?”

Радиои Озодӣ: Додгоҳҳои Русия ба вакилони дифои чӣ гуна бархӯрд мекунанд?

Иззат Амон: “Дар маҷмӯъ, муносибат бо вакилони дифоъ хуб аст, вале онҳо ба ин масъала нигоҳ мекунанд, ки дар паси панҷара кӣ истодааст: сафед ё сиёҳ. Гузашта аз ин, дар инҷо ҳарфи аввалро пул мезанад, ҳамчуноне ки ҳоло дар Тоҷикистону Узбакистон ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ҳолатҳое буданд, ки як муҳоҷири тоҷикро ба ҳаққаш расондед?

Иззат Амон: “Буданд, аммо хеле кам. Ҳолатҳое буданд, ки муҳоҷирони мо дар боздошт буданд, вале бар асоси далелҳо озод шуданд, аммо ба онҳо ҳеҷ ҷубронпулӣ ҳам дода нашуд.”

Радиои Озодӣ: Дар таҷрубаи шумо ҳолатҳое ҳам буд, ки барои мисол дар як фосилаи кӯтоҳ, яъне чанд дақиқа додгоҳ як гурӯҳи бузурги муҳоҷиронро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карда бошад? Чун баъзе муҳоҷирон мегӯянд, ҳатто ба дохили додгоҳ нарасида, ҳукмашон эълон мешавад...

Иззат Амон: “Ҳамарӯза чунин ҳолат аст. Додгоҳҳо аз камсаводии баъзе муҳоҷирони мо моҳирона истифода мекунанд. Аксари ҳукми ихроҷи муҳоҷирони мо дар ғайбашон, яъне бе ҳузури онҳо хонда мешавад. Муҳоҷир дар Вазорати корҳои дохилӣ ё боздоштгоҳ аст, вале ҳукмаш хонда шудааст ва ӯ ихроҷ мешавад ва чанд сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мегардад. Барои исбот мегӯям. Чанде пештар суди ноҳияи Чертоновои Маскав дар як рӯз 143 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар сохтмон машғули кор буданд, ғайбашон ихроҷ кардааст. Дар ҳоле ки ҳамаи онҳо патент доштанду андоз месупориданд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG