Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон системаи роҳнамоии ҳавопаймоҳоро нав мекунад


Тоҷикистон то ним соли дигар дар ҳамаи фурудгоҳҳои байналмиллалии худ таҷҳизоти муосири роҳбаладӣ барои ҳавопаймоҳоро насб карда, ба ин тартиб иддаои бархе аз ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ дар бораи номуносибии таҷҳизоти роҳбаладии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистонро аз байн мебарад.

Ширкатҳои ҳавоии Туркия, Чин ва ҳоло Узбакистон низ иддао доранд, ки ба далели муосир набудани таҷҳизоти роҳбаладии фазоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми номусоидии вазъи ҳаво, наметавонанд ба Душанбе парвоз кунанд. Дар зимистони имсол низ дар рӯзҳое, ки фазои пойтахти

Масъулони тоҷик эътироф мекунанд, ки воқеан таҷҳизоти фарсудаи роҳбаладии фазоӣ дар фурудгоҳи Душанбе мояи нигаронии ҳамаи ширкатҳои ҳавоие шудааст, ки ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекунанд.

Тоҷикистонро туман ё абри тунук фаро гирифта буд, ширкати “Turkish Airlines” парвозҳои худ ба Душанберо барои соатҳо ба таъхир андохта, садҳо мусофирон саргардон шуда буданд.

Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавоии Чин низ бо чунин мушкил рӯбарӯ шуда, аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон тақозои ислоҳи чунин вазъро кардааст. Раҳбарияти Узбакистон, ки қасд дорад парвози ҳавопаймоҳо миёни пойтахҳои ду кишварро азсар бигирад, низ ҳалли ин мушкилро тақозо кардааст. Ҳамакнун интизор меравад то ним соли дигар чунин мушкил комилан рафъ гардад. Раҳимҷон Саидов, муовини мудири корхонаи давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” рӯзи 26 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ним соли оянда дар ҳамаи фурдгоҳҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави муосир насб карда мешавад.

Раҳимҷон Саидов.
Раҳимҷон Саидов.

Вай афзуд, ки воқеан чунин мушкил вуҷуд дошт, зеро таҷҳизоти роҳбаладии фазоии Тоҷикистон сохти соли 1996 мебошад ва ҳавопаймоҳои ҷадид ба ин таҷҳизот мутобиқ карда нашудаанд. "Таҷҳизоти феълӣ низ ҳавопаймоҳоро то 500 километр роҳбаладӣ мекунанд, аммо на ҳама аз ҳавопаймоҳои сохти кишварҳои ғарбӣ бо он мутобиқ карда шудаанд. Таҷҳизоти навро мо аз Финляндия харидорӣ карда, як ширкати норвегиягӣ насби он дар фурудгоҳҳои шаҳрҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро анҷом медиҳад. Баъд аз насби ин таҷҳизот амнияти парвозҳо дар Тоҷикистон комилан таъмин мешавад",-гуфт Раҳимҷон Саидов.

Алишер Рустамов, муовини мудири кулли ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” рӯзи 26 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан таҷҳизоти фарсудаи роҳбаладии фазоӣ дар фурудгоҳи Душанбе мояи нигаронии ҳамаи ширкатҳои ҳавоие шудааст, ки ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекунанд. Вай афзуд, бо ин мушкил бештар ҳавопаймоҳои ширкатҳое назири “Turkish Airlines” ва “Fly Dubai” рӯбарӯ мешуданд: "Мо низ дар ҳавои абролуд ва туман зимни парвоз ва нишаст мушкилиҳо дорем. Агар таҷҳизоти нав насб шавад, амнияти парвозҳо таъмин шуда, ҳамаи онҳо дар вақташ анҷом дода мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, Раҳимҷон Саидов гуфт, ки дар соли 2016 парвози транзитии ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ тавассути фазои Тоҷикистон 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи вай, сабаби аслии камии парвозҳои транзитӣ ба набудани масирҳои парвозҳои байналмиллалӣ тавассути фазои Тоҷикистон ба Афғонистон ва Чин бастагӣ дорад. Ба ин далел, ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ҳоло мақомоти ниҳоди раҳбаладии ҳавоии Тоҷикистон бо ҷониби Чин ва Афғонистон дар ин робита музокирот анҷом дода, интизор меравад чунин масирҳо то нимаи соли ҷорӣ боз шаванд.

Вай аз ҷумла гуфт: “Қаблан воҳидҳои низомии эътилофи байналмиллалӣ дар Афғонистон фаъолияти марказҳои раҳбаладии фазоӣ дар қаламрави ин кишварро қатъ карда буданд. Ҳамакнун мақомоти Афғонистон тасмим гирифтанд фаъолияти чунин марказ, аз ҷумла дар минтақаи Панҷи Поёнро дубора фаъол созанд. Ба ин далел, ҳатто ширкатҳои чинӣ зимни парвоз ба Афғонистон аз фазои Узбакистон истифода мекунанд”.

Ҳамзамон ба гуфтаи муовини мудири корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия”, мақомоти Чин низ ваъда додаанд, ки то нимаи соли ҷорӣ дар марз бо Тоҷикистон маркази раҳбаладии фазоии худро фаъол мекунанд. “Ба ин тартиб, минбаъд фазои Тоҷикистон барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавоии хориҷӣ бештар истифода шуда, ҷониби Тоҷикистон барои истифода аз фазояш маблағ хоҳад гирифт”, гуфт ҷаноби Саидов.

Ширкатҳои тоҷикии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" дар масирҳои гуногун парвозҳо анҷом медиҳанд.
Ширкатҳои тоҷикии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" дар масирҳои гуногун парвозҳо анҷом медиҳанд.

Зимнан, аз се фурудгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон ҳамарӯза ба кишварҳои мухталиф ҳавопаймоҳо ба интиқоли мусофирон машғуланд. Аз ҷумла, тӯли ҳар ҳафта ҳамарӯза парвоз ба самти Туркия анҷом дода шуда, ба Олмон ҳафтае як парвоз сурат мегирад. Мусофирон аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳамарӯза бо чанд хатсайр ба шаҳрҳои мухталифи Русия парвоз мекунанд.

Ҳамчунин ҳафтае як маротиба аз Душанбе ба Теҳрон ва аз Машҳади Эрон ба Душанбе парвози ҳавопаймо сурат мегирад. Як ширкати тоҷикистонӣ ва як ширкати арабӣ ҳафтае панҷ парвоз миёни шаҳрҳои Душанбе ва Дубай мекунанд. Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ низ ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.

Ба шаҳри Урумчии Чин низ аз ҳар ду кишвар яктоӣ ширкат ба интиқоли мусофирон машғуланд. Ҳамчунин ба шаҳри Алматоии Қазоқистон ҳафтае панҷ парвоз сурат мегирад. Ба пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек низ ҳафтае се парвози ҳавопаймои мусофирбар анҷом дода мешавад. Ҳамчунин миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Афғонистон парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар роҳандозӣ шуда, ҳафта ду парвоз анҷом дода мешавад.

XS
SM
MD
LG