Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Turkish Airlines”: Парвозҳо аз Тоҷикистон қатъ нашудааст


Фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Истамбул

Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон сарду садо дар робита ба мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати байналмилалии “Turkish Airlines”-ро рад карда ва мегӯяд, мушкил ҳалли худро пайдо кардааст.

Юсуф Раҳмон, сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 1 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “хабарҳо дар бораи қатъи парвозҳо аз ҷониби ширкати “Turkish Airlines” воқеият надорад. Дар ин авохир як мушкили техникӣ аз ҷониби худи ширкат дар заминаи биниш (“видимость”)-и ҳавопаймоҳо барои нишаст дар фурудгоҳ пеш омад, ки ҳамакнун рафъ гардид”.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, дар ин охирҳо "бо сабабҳои фаннӣ" ҳавопаймоҳои ширкатҳои туркӣ аз мушкили биниш шикоят карданд, вале ин мушкил аллакай ҳал шудааст ва аз ин ба баъд парвозҳо бидуни мамоният идома мекунад. Дар шарҳи ин назар, Юсуф Раҳмон гуфт:

“Халабҳо одатан аз баландии на камтар аз 1,5 ҳазор метр барои нишастан тасмим мегиранд ва ба фуруд овардани ҳавопаймо омода мешаванд. Аммо халабонҳои ширкати “Turkish Airlines” мегӯянд, барои тасмими нишастани ҳавопаймо онҳо бояд то 5 ҳазор метр масофаро дида тавонанд.

Яъне муқаррароти системаи кори онҳо ҳамин аст. Албатта ин мушкили ҷиддие барои қатъи парвозҳо надорад. Мо роҳашро пайдо кардем ва як хати нишастани ҳавопайморо барои онҳо пешниҳод кардем ва онҳо парвозҳояшонро анҷом медиҳанд. Фаъолияти ширкати “Turkish Airlines” идома пайдо мекунад”.

Мушкили биниш ба номусоидии ҳаво рабт мегирад?

Масъулони намояндагии ширкати “Turkish Airlines” низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ хабаре дар мавриди эҳтимоли мутаваққиф шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Истамбул тавассути ин ширкат нест. Ҳама парвозҳо аз рӯи нақшаи маъмулӣ пеш меравад. Ба гуфтаи ин масъулон, дар ин авохир ду маротиба ба сабаби номусоидии ҳаво ва барфрезиҳои шадид ҳавопаймо натавонист дар фурудгоҳ нишинад, ки ҳамакнун ҳаво беҳтар шудааст ва интизор дорем рӯзи шанбе парвозҳо идома пайдо кунанд.

Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ гуфтанд, ки иттилое ба онҳо дар мавриди мутаваққиф шудани парвозҳо тавассути ширкати “Turkish Airlines” нарасидааст, вале вуҷуди ҳаводиси ахир дар робита ба мушкили биниши ҳавопайморо тасдиқ карданд.

Аммо ҳам масъулони Тоҷикистон ва ҳам намояндагии ширкати “Turkish Airlines” таъкид карданд, ки ин мушкили техникӣ танҳо ба худи системаи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар заминаи биниш тааллуқ дорад ва фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо ҳамеша омода аст.

“Turkish Airlines” тоҷикистониёнро ба Ғарбу Аврупо мерасонад

“Turkish Airlines” яке аз муҳимтарин ширкатҳои байналмилалии васлкунандаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигари ҷаҳон аст. Ҳар ҳафта садҳо мусофирон аз Тоҷикистон маҳз тавассути ин ширкат ба Истамбул парвоз карда, дар сурати зарурат, аз ҳамин роҳ ба шаҳрҳои Ғарбу Аврупо роҳ меёбанд. Истифодаи самти Маскав, ки замоне барои парвозҳои байналмилалии тоҷикистониён маъмул буд, коҳиш ёфтааст.

Ҳавопаймоҳои ширкати дар масири Истамбул-Душанбе ҳафтае 3 маротиба - шоми чоршанбею ҷумъа ва яшанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Душанбе ба Истамбул субҳи душанбеву панҷашанбе ва шанбе фуруд меоянд. Ба ғайр аз ин, аз пойтахти Тоҷикистон ба Истамбул ширкати “Сомон-Эйр” низ ҳафтае 3 парвоз анҷом медиҳад.

Фурудгоҳи Хуҷанд
Фурудгоҳи Хуҷанд

Қаблан ширкати “Turkish Airlines” дар масири Хуҷанд-Истамбул-Хуҷанд низ парвози ҳавопаймоҳоро ба роҳ монд, аммо бо гузашти муддате мутаваққиф шуд.

Рӯзи 26 ноябр мусофирони ҳавопаймои Санкт-Петербург-Душанбе аз тағйири макони нишаст кардани ҳавопаймояшон дар Хуҷанд шикоят карданд. Дар натиҷаи таваққуфи беш аз 10-соата даҳҳо мусофир маҷбур буд дар дохили фурудгоҳи Хуҷанд бо дастрасии маҳдуд ба ғизо ва об шабро рӯз кунад. Он замон масъулин сабаби тағйири самти парвоз кардани ҳавопаймои ширкати русиро ба бориши шадиди барф ва биниши бад рабт доданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG