Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба парвозҳои “Ямал” аз "Жуковский" розӣ шуд


Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, ки мушкили парвозҳои ширкати "Ямал” ба Тоҷикистон ҳал шудааст ва парвозҳо миёни ду кишварро аз нав барқарор кардаанд. Хабаргузории русии “РИА Новости” шаби 21 декабр ба нақл аз вазорати нақлиёти Русия хабар дод, ки мушкили пешомада дар масъалаи парвозҳо миёни ду кишвар бартараф шудааст ва ҳоло ширкати ҳавопаймоии русии "Ямал" метавонад аз фурудгоҳи "Жуковский" ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон парвозҳо анҷом диҳад.

"РИА Новости" бо такя ба Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҷадвали парвозҳоро пазируфтааст ва панҷшанбеи 22 декабр тарафҳо дар Маскав ба гуфтугӯҳои худ дар ин замина идома хоҳанд дод. Дар пайи мушкили пешомада дар робита ба парвозҳои ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Тоҷикистон, ҷониби Русия гуфта буд, ки сар аз 22 декабр парвозҳо миёни ду кишвар қатъ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Фурудгоҳи байналмилилии Душанбе рӯзи 22 декабр гуфтаанд, бо дарназардошти он, ки 100 нафар мусофир билет харидорӣ карда ва муддати 2 рӯз дар фуруддгоҳи "Жуковский" мунтазири парвоз буданд, Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон қарор кардааст, ки ба ширкати "Ямал" ба таври истисноӣ иҷозаи парвоз дода шавад. Ин манбаъ низ таъийд кардааст, ки имрӯз ҷонибҳо дар Маскав ба гуфтугӯҳои худ дар ин робита идома медиҳанд.

Ю.Раҳмон: "Ямал" дар санади миёни Тоҷикистону Русия ворид набуд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии "Ямал" барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Душанбеву Хуҷанд иҷозаи расмӣ надошт ва барои ҳамин мусофирон натавонистанд, ки рӯзҳои 20 ва 21 декабр ба ватан оянд. Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон, рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ширкати "Ямал" дар санади ҳамкории миёни Тоҷикистону Русия, ки моҳи ноябр имзо шуд, ворид набуд. Ҳарчанд таъинот дошт, вале барои анҷоми парвоз дар хатти сайр ба Тоҷикистон ҳарфе набуд."

Моҷарои Ямал. Тоҷикистон чӣ мегӯяд, Русия чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим

Тайи моҳҳои охир бори дувум аст, ки Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳо баҳс мекунанд.

"Мо ҳам тарафи мусофирро ва ҳам тарафи ширкатҳои маҳаллиро мегирем. Ҳамзамон дар фикри "партнёр" ё шарикамон низ ҳастем. Аммо айни замон аз тарафи мо ягон хатоӣ нашудааст", - афзуд ӯ ва аз мусофирон хост, ки "дар ҳоли ҳозир аз ширкати "Ямал" билет нахаранд, то барояшон мушкил пеш наояд." Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ гуфт, Вазорати нақлиёт қабл аз шурӯи парвози ҳавопаймоҳои "Ямал" аз ин ширкат хоста буд, то дар тӯли 45 рӯз бастаи ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқ ба онҳо фиристад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, бастаи ҳуҷҷатҳо ба пуррагӣ фиристода нашудааст.

"Масъала ба зудӣ ҳал мешавад"

Сухангӯи сафорат гуфт, ҳоло ин мавзӯъ дар сатҳи Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад ва, ба қавли ӯ, "масъала ба зудӣ дар асоси созишнома ва принсипи паритет ҳал хоҳад шуд". Аммо Андрей Дубров, намояндаи расмии ширкати "Ямал" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, созиш дар бораи парвози ҳавопаймоҳои онҳо ба Тоҷикистон рӯзи 7 ноябри имсол ҳосил шуда буд. "Бар асоси ин созиш барои анҷоми чор парвоз дар як ҳафта ба Душанбеву Хуҷанд нақша гирифтем. Ҳуҷҷатҳои заруриро ба Душанбе фиристодем ва аз 1 декабр фурӯши билетҳо сар шуд. Вақти парвоз фаҳмидем, ки тарафи Тоҷикистон чанде аз ҳуҷҷатҳоро имзо накардааст. Чӣ даркор буд, аввал розӣ шудан ва баъд мову мусофиронро саргардон кардан?"

Мусофирон ба меҳмонхона рафтаанд

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Андрей Дубров гуфт, ҳоло ҳудуди 200 мусофирро ба далели таъхири парвозашон ба Душанбеву Хуҷанд дар меҳмонхона ҷойгир кардаанд. "Аз ин миён танҳо ду мусофир билети худро бозпас доданд", - афзуд ӯ.

Маскав боз таҳдид кард

Рӯзи 20 декабр Тоҷикистон розӣ нашуд, ки ҳавопаймои ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Душанбе ва рӯзи 21 декабр ба Хуҷанд парвоз анҷом диҳад.

Вазорати нақлиёти Русия таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳал нашудани масъала аз 22 декабр роҳи ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро ба Русия хоҳад баст. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки чунин фишор қобили қабул нест. Вай як рӯз пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ҳангоми баррасии масъала ҷониби Тоҷикистон манфиати ширкатҳои ҳавоии кишварро дар назар хоҳад гирифт".

Нархи билет моҷаро барангехт?

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Як нафари огоҳ аз қазия мегӯяд, баҳси Душанбеву Маскав асосан бар сари хадамоти ширкати "Ямал" аст, ки дар ҳоли ҳозир нархи билетро аз 80 то 100 доллар дар муқоиса ба ширкатҳои Тоҷикистон арзон кардааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, “дар ин сурат ҳама ба ширкати "Ямал" рӯй оварда, ширкатҳои тоҷикӣ муштариёни зиёди худро аз даст хоҳанд дод. Барои ҳамин, ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки манфиати ширкатҳои ватаниро ҳимоят кунад.”

Ду баҳси Тоҷикистону Русия

Тайи моҳҳои охир бори дувум аст, ки Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳо баҳс мекунанд. Моҷарои аввал дар атрофи фурудгоҳи “Жуковский” 2 ноябри имсол бархоста буд. Он рӯз Вазорати нақлиёти Русия гуфт, бо сабаби мухолифати Тоҷикистон барои ташкили парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз Маскав тавассути фурудгоҳи "Жуковский", Русия ҳамаи парвозҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ мекунад. Мояи норизоияти Тоҷикистон ин буд, ки шумори ширкатҳои русии анҷомдиҳандаи парвоз ба шаҳрҳои ин кишвар назар ба хадамоти ширкатҳои тоҷикӣ бештар будааст. Баъдан ин масъала рӯзи 7 ноябр дар Маскав ҳал шуд.

То ин вақт парвозҳо миёни 4 шаҳри Тоҷикистон ва беш аз 10 шаҳри Русия ба таври баробар аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар анҷом мешуд.

Шарҳҳоро бинед (31)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG